Мирзиёев ҳаводиси Нуқусро талош барои ноором кардани вазъ дар Ӯзбекистон хонд

© Пресс-служба президента Республики УзбекистанПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев в Нукусе
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев в Нукусе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2022
Обуна шудан
Президенти Ӯзбекистон гуфт, ҳаводиси Қароқалпоқистон бо ҳадафи ноором кардани вазъи ҷомеа ва барҳам задани тамомияти арзӣ роҳандозӣ шуд
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯйдодҳои Нуқус, пойтахти Ҷумҳурии Худмухтори Қароқалпоқистонро, ки дар он ҷо ошӯб рух дод, шарҳ додааст. Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон хабар медиҳад.
"Рӯзи 1-уми июл як гурӯҳ одамон қасди тасарруфи биноҳои мақомоти маҳаллии ҳокимиятро карданд. Рӯзи дигар онҳо дар кӯчаҳои марказии шаҳри Нуқус амалиёти тахрибкоронаи худро идома доданд. Ин афрод талош карданд, ки бо маъмурони интизомӣ даргирӣ кунанд ва ба инфрасохтор осеб расонанд”, - гуфт Шавкат Мирзиёев дар мулоқот бо вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Қорақалпоғистон.
Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2022
Президенти Ӯзбекистон боз ба Қароқалпоқистон рафт
Ӯ гуфт, ин афрод ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамла карда, сахт латукӯб ва ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.
Раисиҷумҳури Ӯзбекистон гуфт, ки ҷароҳатбардоштагон дар миёни ғайринизомиён ва маъмурони интизомӣ низ ҳастанд.
"Бо вуҷуди фароҳам овардани шароит барои баёни озоди андеша, бархе аз нерӯҳо талош доранд, вазъро дар Узбакистон ноором кунанд", - гуфт Шавкат Мирзиёев.
Вай афзуд, ислоҳоти конститутсионӣ ба рушди иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии кишвар, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нигаронида шудааст. Аммо бархе аз нерӯҳо бо баҳонаи эътироз алайҳи ислоҳоти конститутсионӣ роҳи хушунатро интихоб кардаанд.
Ба гуфтаи Мирзиёев, онҳо бо ҳадафи ноором кардани вазъи ҷомеа ва барҳам задани тамомияти арзӣ, дурӯғпароканӣ мекунанд, шаҳрвандонро ба фаъолиятҳои хилофи Конститутсия ҷалб мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Нуқус, пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Қороқалпоқистон ду рӯз қабл ошӯб рух дод. Саркардагони ин бетартибиҳо баъд аз кӯшиши тасарруфи мақомот дар минтақа боздошт шуданд.
Дар як изҳороти муштарак порлумон, ҳукумат ва вазорати корҳои дохилии Қароқалпоқистон гуфтаанд, ки тазоҳуроти ғайриқонунӣ ба далели ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосии ин кишвар сурат гирифтааст.
Баъдан тартиботи ҷамъиятӣ барқарор шуд ва Мирзиёев ба Нуқус омад ва дар он ҷо аллакай бо вакилони маҳаллӣ мулоқот карда, дар бораи вазъи минтақа изҳорот дод.
Лентаи хабарҳо
0