Барномаи бозсозии Украина 750 миллиард доллар арзёбӣ шуд

© AFP 2022 / MANDEL NGANФлаг Украины с гербом развевается, когда активисты собираются на площади Лафайет в знак протеста против российского вторжения в Украину в Вашингтоне
Флаг Украины с гербом развевается, когда активисты собираются на площади Лафайет в знак протеста против российского вторжения в Украину в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сарвазири Украина ахиран дар як конфронси байналмилалие эълон кардааст, ки барномаи бозсозии ин кишвар 750 миллиард долларро ташкил хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Денис Шмигал, сарвазири Украина гуфт, ки барномаи бозсозии Украина 750 миллиард доллар арзёбӣ мешавад ва ба назари ӯ, манбаи асосӣ бояд дороиҳои мунҷамидшудаи Русия бошад.
"Нақшаи бозсозӣ, ки аллакай 750 миллиард доллар тахмин зада мешавад, онро кӣ бояд пардохт кунад? Мо бар ин назарем, ки манбаи асосии бозсозӣ бояд аз ҳисоби дороиҳои мунҷамидшудаи Русия ва олигархҳои ин кишвар сурат бигирад. Тибқи ҳисобҳои гуногун, дороиҳои мунҷамидшудаи Русия аз 300 то 500 миллиард долларро ташкил медиҳад. Баъзе кишварҳо аллакай раванди на танҳо масдуд, балки мусодираи ин дороиҳоро низ оғоз кардаанд", - гуфт Шмигал дар як паёми видеоие дар конфронси байналмилалӣ дар мавриди бозсозии Украина дар Лугано.
Флаг НАТО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2022
ВАО: Вазъ дар Украина НАТО-ро ба се лагер тақсим кард
Ба гуфтаи ӯ, манобеъи дигари бозсозии кишвар ин грантҳо ва қарзҳои боимтиёз аз созмонҳои молии байналмилалӣ ва кишварҳои шарик, сармоягузорӣ ва ҳамчунин буҷаи кишвар хоҳад буд.
Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молиявию бонкиро шомиланд. Дар пайи таҳримот захоири тилою асъор, аз ҷумла дар Хазинаи рифоҳи миллии Русия баста шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0