Боздошти адвокате, ки барои бекорсозии никоҳи як мард аз ҳамсараш пул гирифт

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони в конверте, архивное фото
Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар сурати тасдиқи иттиҳомот боздоштшударо ҷарима ё зиндон ва ҳамчунин маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб ё фаъолияти муайян интизор аст
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон як адвокат дар шимоли кишвар бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, вакили дифоъ М.Б ҳангоми дар вазифаи адвокати Коллегияи адвокатҳои "Суғд" кор кардан, даст ба чунин амал задааст.
Гуфта мешавад, боздоштшуда дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои бекор кардани ақди никоҳи ӯ ва ҳамсараш маблағи 4000 сомонӣ талаб менамояд.
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Оҷонсӣ корманди андозро баъди "порагирӣ" боздошт кард
"Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Маруфов Б.М. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд", - таъкид кардааст оҷонсӣ.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Назари худи боздоштшуда ва ҷониби ҳимояаш то кунун дақиқ нест.
Маврид ба зикр аст, ки моддаи 247 қаллобӣ буда, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда (23 то 58 ҳазор сомонӣ) барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0