Чангу ғубор бо гармои тоқатфарсо: пешгӯии обуҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешЖенщины идут с зонтиками спасаясь от солнца
Женщины идут с зонтиками спасаясь от солнца - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сокинони манотиқи шимол ва ҷануби кишварро дар баробари гармои тоқатфарсо чангу ғубор интизор аст. Дар назар аст, сатҳи гармо дар кишвар рӯзона то 47 дараҷа бирасад
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳафтаи нав низ бо гармои шадид оғоз шуд.
Ба иттилои Оҷонсии ҳавосанҷии кишвар дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ғарби вилоят шабона 13+18 гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 4+9 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 13-18, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 гарм, рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Очередь в магазин за прохладными напитками, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Ҳушдор аз гармои шадид ва чанд тавсияи КҲФ ба сокинон
Хатлониёнро низ ҳавои бебориш, аммо чангу ғубор интизор аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 18-23 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 42+47 гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳаво камабри бебориш ва чангу ғубор интизор аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 38+43 гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20+22 ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0