Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Донбасс боз қалби Русия хоҳад шуд

 Донецк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар ҳоле ки кишварҳои ғарбӣ талош доранд, нархи ниҳоии нафти Русияро муқаррар намоянд, коршиносон аз қимати газ ва мушкили зимистон дар Аврупо ҳарф мезанад
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik, Сергей Савчук. Дар ҳоле, ки раҳбарони кишварҳои Ғарб талош доранд худсарона, нархи ҳадди ниҳоии нафти Русияро муқаррар намоянд, коршиносон ва биржаҳои хориҷӣ аз қимати гази табиӣ ва дурнамои сипарӣ кардани мавсими гармидиҳӣ дар Аврупоро пешгӯӣ мекунанд.
Дар худи Русия ва гирду атрофи он бештар воқеаҳои шавқовар рух медиханд.
Ахиран энергетикҳои кишвар дар якҷоягӣ бо ҳукумати вилояти Белгород ба минтақаҳои озодшудаи вилояти Харков корвони башардӯстона фиристоданд. Дар ин корвон, борҳои махсус, яъне 167 тонна, аз чумла сутунҳо, симҳои хатти электрикӣ, таҷҳизоти гуногуни энергетикӣ, инчунин кисмҳои автомобилӣ ва 25 тонна равгани трансформатор ва ғайра мавҷуд будааст. Энергетикҳо пинҳон намекунанд, ки қисми зиёди ин борҳо, махсусан равгани трансформатор ба ба тарафи Изюм ва Балаклея равон карда мешаванд, ки о кумаки онҳо зеристгоҳҳои барқи аз нав таъмир карда мешаванд.
Работа минометных расчетов Народной милиции ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
"Ин охирин марзи онҳост". Он чӣ дар шимоли Донбасс шуруъ шуд
Дар пасманзари гузоришҳо аз майдони ҷанг, кори садҳо ва ҳазорон кормандони муассисаҳои коммуналӣ нодида гирифта мешавад. Таъмини шаҳру деҳот бо нерӯи барқ ​​ва об ва кори канализацияву иншоотхои тозакунй, ки дар рафти чанг зарар дидаанд, барқарор карда мешавад. Масалан, дар аввали моҳи июн хатти баландшиддати баруӣ байни вилоятҳои Белгород ва Харков барқарор карда шуд.
Ба воситаи пули энергетикии вилояти Русия имконият шуд, ки қариб ним миллион нафар сокинони вилояти Харков ба таври доимӣ ба барқ таъмин карда шаванд.
Нафароне, ки дар зери осмони осоишта зиндагӣ мекунанд ва манфиатҳои ҷамъиятиро як чизи муқаррарӣ медонанд, одатан дар бораи ҳама гуна ҳодисаҳои гуногун, монанди офатҳои табиӣ ё сунъӣ, гузоришҳо аз майдонҳои ҷанг ё ҷанҷолҳои пурсарусадои коррупсионӣ мутолиа мекунанд.
Воситаҳои ахбори омма, ки аз чунин афзалиятҳо огоҳанд, кушиш мекунанд, маҷаллаҳои хабариро тавре тартиб диҳанд, ки хоҳиши хонандагон ва шунавандагони худро қонеъ намоянд.
Жители Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Теъдоди паноҳандагон аз Украинаву Донбасс ба Русия наздик ба 2 млн нафар расидааст
Мутаассифона, чунин алгоритми кор тақрибан кафолат медиҳад, ки касе ба он таваҷҷуҳ накунад. Бидуни кори онҳо зиндагии ками бароҳат имконнопазир аст. Ҷанг давом дорад ва дар ақибгоҳ деҳаҳо, шаҳракҳо ва шаҳрҳое боқӣ мондаанд, ки дар лӯлаҳои оби хароб, километрҳо симҳои кандашуда, садҳо сутунҳои кандашуда ва сутунҳои хатти электрикӣ мавҷуд аст. Барои одамоне, ки ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳоро дар таҳхонаҳо зери нури шамъ сипарӣ кардаанд, барои таъмини ниёзи худ ба назди дарёи наздиктарин мераванд, ҳар сония мунтазири тир ё таркиши мина аст.
Ман шодам, ки роҳбарияти Русия ин масъалаи муҳимро дарк карда, ба барқарорсозии қаламравҳои озодшуда таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Якчанд рӯз пеш дар Мариупол намунаи хонаҳоеро, ки имрӯзҳо сохта мешаванд, нишон доданд. Тибқи нақшаҳои расман эълоншуда, то тирамоҳ бунёди 12 бинои нави панҷошёна ба нақша гирифта шудааст, ки калиди манзилҳои истиқоматиро ҳудуди ҳазор оила соҳиб хоҳанд шуд.
Бинокорон диққати онҳоро аз Луганск канор нагузоштанд. То моҳи ноябр дар он ҷо маркази тиббии дорои 200 кати хобӣ сохта мешавад ва аввалин беморонро қабул мекунад. Бо назардошти он, ки бинокорони ҳарбӣ дар давраи пандемия вазифаи бунёди марказҳои тиббии махсусро, ки ҷуғрофиёи онҳо аз Подолски вилояти Маскав то Шарқи Дур мебошад, нишон доданд, ки то чӣ андоза зуд ва бомуваффақият аз ӯҳдаи кори худ мебароянд.
Значок с изображением флагов России и Сирии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Сурия истиқлоли ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганскро эъроф кард
Касе нест, ки муваффақияти татбиқи лоиҳаи Луганск зери шубҳа гузорад.
Дар робита ба баъзе артишҳои дигар кишварҳо, каме аҷиб аст, ки барои артиши Русия ақибгоҳ ва сохтмон на камтар аз майдони ҷанг аст. Қисматҳои инженерии дар Қрим, беистисно ҳамаи лоиҳаҳои ҷустуҷӯ, пармакунӣ ва бо оби тоза таъмин намуданро бомуваффақият иҷро карданд. Барои баҳо додан ба миқёси корҳои иҷрошуда қайд бояд кард, ки ба туфайли амалиёти қисмҳои таъминоти моддию техникӣ ҳанӯз пеш аз баркарор намудани таъмини об аз канали Қрими Шимолӣ ба Симферопол ба ҳаҷми кифоя дода мешуд.
Маскав як сол пеш барои ҷустуҷӯи захираҳои оби ошомиданӣ дар поёни баҳри Азов 50 миллиард рубл ҷудо карда буд. Ҳамаи ин ва дигар тадбирхо имконият доданд, ки деҳқонони Қрим бо об таъмин шаванд.
Аз ҳамтоёни ҳарбӣ, бинокорони сирф шаҳрвандӣ низ ақиб намондаанд. Ба гуфтаи Марат Хуснуллин, аллакай дар Донбасс беш аз 6000 мутахассиси муҷаҳҳаз бо беш аз 1000 воҳиди техникаи вижа кор мекунанд. Гузашта аз ин, бешубҳа ин рақам афзоиш хоҳад ёфт, зеро муовини нахуствазир ваъда додааст, ки имсол танҳо дар қаламрави вилоятҳои Донетск ва Луганск беш аз 500 километр роҳ ва 15 пуле, ки артиши Украина зимни ақибнишинӣ тарконда буд, таъмир хоҳад шуд. Ҳар касе, ки пеш аз ҷанг ба Донбасс рафтааст, медонад, ки масъалаи вазъи инфрасохтори роҳ, бахусус дар вилояти Луганск, ки Киев 30 сол ба он аҳамият надод, то чӣ андоза ба таъмир ниёз дорад.
Житель села Сопино в Донецкой народной республике у одного из разрушенных домов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зиндагӣ дар манотиқи озодшудаи Донетск - ба ривояти тасвир
Охир дар сухбати мо сабабе зикр шудааст.
Мақомоти Киев, ки пас аз Майдон аввал, замоне, ки Виктор Юшенко бар хилофи меъёрҳои Қонуни асосии Украина раисиҷумҳур шуд, раҳбарии давлатро ба дасти худ гирифтанд, солҳо боз симои Донбассро миёни украиниҳо ба таври муназзам ба ҳайси заифтарин минтақа мегуфтанд.
Телевизиони маҳаллӣ ва рӯзноманигорон бо ҳаяҷон дар бораи деҳаҳои харобшуда, конҳои басташуда, манзилҳои кӯҳна ва фонди коммуналӣ нақл мекарданд. Хамаи ин то дараҷае дуруст буд, вале бо як таваҷҷух, ки дар ин заминҳо пешравӣ ба амал наомадааст, ки Киев тамоми шарбати молиявиро аз ин ҷо мекашид ва ба ивази он тин медод. Аз рӯи адолат, мо қайд мекунем, ки дар замони ҳукмронии Виктор Янукович, вазъи зодаи ин қисматҳо беҳтар нашуд.
Бо вуҷуди ин, аллакай дар тобистони соли 2014, фавран пас аз он ки Киев алайҳи ду минтақаи осоиштаи худ амалиёти низомиро оғоз кард, Арсений Ятсенюк, сарвазири пешин дар ин бора гуфйта буд. Дар яке аз мусоҳибаҳои худ ӯ зикр кард, ки дар қаламрави ҷумҳуриҳои Луҳанск ва Донетск беш аз 70 кони ангишт, инчунин корхонаҳои дигар фаъолият доранд, ки чоряки тамоми даромадҳои асъории Украинаро ташкил медиҳанд.
Эвакуация граждан из ДНР и ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2022
Путин вуруд ба Русияро аз қаламрави ҷумҳуриҳои Донетск, Луганск ва Украина осон кард
Дар Интернет, шумо метавонед аксар вақт изҳороте бубинед, ки аз ҷониби ҳама гуна душманон ва одамони бадхоҳ ба русҳо фаъолона таҳмил карда мешавад. Онҳо талош доранд моро итминон диҳанд, ки Русия фақириро пеш гирифтааст ва буҷаи федералӣ ва ҳам сатҳи зиндагии кишвар дар маҷмӯъ таъсири ҷиддӣ расонида мешавад. Ин як сафсатаи дурӯғ аст.
Сад сол пеш аз ин, дар замони ташаккул ёфтани Давлати ҷавони Шӯравӣ Донбассро ғайр аз “дили Русия” дигар чизе намехонданд. Ин хато нест. Ба хайати Украинаи Шӯравӣ дохил шудани Донетск бо украинакунонии минбаъдаи оммавӣ натиҷаи кори болшевикҳо мебошад, ки ба бародарии халқҳо ва инқилоби ногузири чаҳонӣ боварӣ доштанд, ва фикр мекарданд ин раванд сарҳадҳо ва тафовути синфиро аз байн мебарад.
Мо бояд ба даврони Шӯравӣ эхтиром гузорем, ки аз нуктаи назари имкониятҳо иқтидори Донбассро пурра ошкор кард.
Хатто бачадо медонад, ки Донбасс – ин ангишт аст. Табиат амр дод, ки 140 миллиард тонна ангиштсанги навъи якум дар майдони 60 хазор километри мураббаъ чойгир бошад. Инҳо асосан ангиштҳои дараҷаи энергетикӣ мебошанд, масалан, оташи дарозмуддат (то 75 фоиз), аммо антрацитҳо низ ҳастанд, яъне ангиштҳои дорои дараҷаи баланд ва қиматарзиш. Ба гуфтаҳои экологҳои ғарбӣ бовар накунед ва фикр накунед, ки ангишт сӯзишвории замони гузашта аст. Айни замон, ба далели камбуди гази Русия, Аврупо ба таври оммавӣ неругоҳҳои ҳароратӣ ва неругоҳҳои кӯҳнаи ангиштсангиашро дубора фаъол мекунад ва қимати тиллои сиёҳ беш аз 300 долларро шудааст, ки рекорди даҳсолаи ахир мебошад.
Нагорный Карабах. Российские миротворцы обеспечивают безопасность движения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Амният дар Донетск ва Луганскро артиши Русия таъмин мекунад
Дар баробари ин бояд фикр накунем, ки Донецк ва Луганск нони конканони Кузбассро мегиранд.
Якум, номенклатураи ангишти минтақаҳои Кузнетскк ва Донетск, инчунин ҳаҷми истеҳсол ва истеъмолкунандагони дохилии маҳсулот аз ҳам фарк мекунад.
Дуввум, Кузбасс, ки аввал аз пандемия ва баъдан таҳримҳои ғарбӣ зарар дид, имрӯз то ҳадди имкон худро ба бозорҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ рӯ овардааст. Конканони шарқии мо ҳоло мушкили асосӣ на рақобат бо Донбасс, балки набудани қатораҳо барои ба Хитой ва Корея кашондани маҳсулот вуҷуд дорад.
Муҳим нест конканони Кемерово ва Донетск бо ҳам рақобат кунанд.
Илова ба сарвати асосии худ Донбасс дорои конҳои доломитҳо, оҳаксангҳои флюс ва сохтмонӣ, гилҳои ба оташ тобовар ва пластикӣ, мергел, бинокорӣ ва регҳои кварцӣ мебошад. Ҳамаи ин кори корхонаҳои мавҷуда ва ояндадор , дар сохтмонҳои бепоёне, ки аз харобаҳои деҳоту шаҳрҳо ба вучуд меоянд, низ хеле фоида ба даст меоранд.
Аммо ҳама чизро танҳо бо канданиҳои фоиданок чен кардан комилан нодуруст аст.
То омадани артиши Украина танҳо дар вилояти Донетск ҳашт нерӯгоҳи барқу гармдиҳӣ, беш аз панҷоҳ кони ангишт ва даҳҳо корхонаи ғанисозӣ ҷойгир ва фаъолият мекарданд. Дар ин ҷо ҳар гуна маъданҳои куҳӣ вокеъ аст, инҳо комбинати симоббарории Никитовский, комбинати флюс-доломити Докучаевск, фабрикаи ионит дар деҳаи Калчик, корхонаи истехсоли масолехи оташфишон ва ғайра мебошанд.
Разминирование территории комбината Азовсталь и бывших позиций ВСУ в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Ҳадафи навбатии амалиёти вижа дар Украина гуфта шуд
Луганск ва Донетск марказҳои азими металлургӣ мебошанд. Комбинатҳои металлургии Донетск ва Енакиевский, корхонаи Мариупол ба номи Илич, Макеевский ба номи Киров. Ба онхо 11 корхонаи коксу кимёӣ, корхонаи чуянгудозии Константиновский ва корхонаи қубурҳои Хартсизкий фаъолона ёрӣ мерасонанд. Умуман наметавон гуфт, ки чӣ корхонаҳои бузурги саноатӣ ва дар ин ҷо нест.
Хулоса, Донбасс бори гарон не, балки такягоҳи оҳанист, ки доштани онро ҳар як кишвар орзу меканад. Дар ин ҷо якчанд миллион одамон зиндагӣ мекунанд, ки ба кори душвору муҳими худ одат кардаанд ва аз он ҳаққатан фахр мекунанд. Дар ин ҷо муҳимтарин корхонаҳо, ва фабрикаҳо вокеъ ҳастанд, ки маҳсулоти онҳо ҷои фурӯш дорад.
Танҳо чизе лозим аст, ки дар ин минтақа сулҳи устувор ба вуҷуд ояд ва барои барқарор кардани он чизе, ки дар Украина хароб ва фаромӯш карда шуда буд, кумак кунад. Донбасс ҳама кори дигарро худаш анҷом медиҳад, дар ин ҷо одамони танбал нестанд.
Лентаи хабарҳо
0