Душанбе ва Риёз машваратҳои сиёсӣ баргузор мекунанд

© Дафтари матбуоти ВУХ ТоҷикистонАкрам Каримӣ, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар мулоқот бо Валид Ал-Хурайҷӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ
Акрам Каримӣ, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар мулоқот бо Валид Ал-Хурайҷӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Омодагиҳо ба даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни Душанбе ва Риёзро сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо мақомдорони ин кишвар баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Акрам Каримӣ, сафири Тоҷикистон дар Риёз, бо Валид Ал-Хурайҷӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Арабистони Саудӣ аз масоили меҳварии мулоқоти Каримӣ бо Ал-Хурайҷӣ буданд.
"Дар ин росто, баргузории даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар давоми соли 2022 муҳим арзёбӣ гардид", - омадааст дар иттилоия.
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Тоҷикистон бо як кишвари маъруфи мусалмонӣ парвозҳои мустақим роҳандозӣ мекунад
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ахиран азмашонро барои ташкили корхонаҳои муштарак баён доштанд.
Аз ҷумла имзои созишнома ва Ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар назар аст. Тарҳи он ахиран зимни мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон баррасӣ гардид.
Дар доираи тавофуқот аз ҷумла таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили корхонаҳои истеҳсоли шарбати мева, асал ва хушконидани мева бо мақсади содироти минбаъда ба Арабистони Саудӣ ё ба давлати сеюм дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0