Ҳимояти президенти Қазоқистон аз иқдоми раисҷумҳури Ӯзбекистон дар Қароқалпоқистон

© Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиеев и Президент Республики Казахстан Касым-Жомарт Токаев
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиеев и Президент Республики Казахстан Касым-Жомарт Токаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Қазоқистон иқдоми президенти Ӯзбекистонро дар Қароқалпоқистон ба манфиати амнияту эътидол ва рушди устувор хондааст
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, ҳимояти комилашро аз иқдоми Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон баён доштааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон, Тоқаев ҳимояташро зимни суҳбати телефонӣ бо Мирзиёев изҳор доштааст.
"Президенти Қазоқистон ҷонибдории комилашро аз чораҳои қатъии роҳбари Ӯзбекистон дар Қароқалпоқистон барои ҷилавгирӣ аз аъмоли ғайриқонунӣ ва таъмини суботу рушди устувор дар кишвар баён дошт", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории бисёрҷониба дар минтақа ва омодагӣ ба мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор намудаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти Ӯзбекистон бар асари ошӯбҳои охир дар Қароқалпоқистон дастикам 18 нафар ҳалок шуда, 243 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Военнослужащие вооруженных сил Узбекистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Бар асари ошӯбҳо дар шаҳри Нуқуси Ӯзбекистон 18 нафар кушта шуд
Мирзиёев ахиран зимни суҳбат аз қурбониҳо дар Қароқалпоқистон изҳор дошт, ки талафот ҳам миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам сокинони мулкӣ ҷой дорад.
Таъкид шудаст, ки феълан вазъият дар Қароқалпоқистон ба эътидол омада, ҳаёт ба маҷрои худ баргашта истодааст. Дар зимн таъкид шудаст, ки ҳарчанд тартиботи ҷамъиятӣ барқарор шуд, вале вазъи фавқулодда то 2 август идома хоҳад дошт.
Лентаи хабарҳо
0