Ҷабҳаи муқовимат дар Душанбе конфронс баргузор мекунад

Город Душанбе сверху - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар садади баргузории як конфронс бо ширкати густардаи тамоми нерӯҳои сиёсии Афғонистон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Ин нишаст пас аз сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон ва ҳам баргузории Луйи Ҷиргаи толибон дар Кобул баргузор мешавад.
Як манбаъ дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қарор аст, тамоми нерӯҳои сиёсии Афғонистон ба шумули толибон ба ин нишаст даъват шаванд.
“Ҳадафи конфронс ҷустуҷӯи роҳҳалли сиёсӣ барои буҳрон ва ҳам эҷоди як ҳукумати ҳамашумул бо ширкати тамоми нерӯҳои сиёсӣ дар Афғонистон аст. Аз нигоҳи мо, бо гузашти қариб 11 моҳ аз расидани толибон ба қудрат дар кишвар ин гурӯҳ дар амри эҷоди як ҳукумати фарогири тамоми қишру ақвоми ҷомеа муваффақ нашудааст”, - гуфт манбаъ.
Город Ташкент, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ дар бораи Афғонистон баргузор мешавад
Бино ба иттилои ӯ, қарор аст, ба ин конфронс ҳудуди 50 нафар ба намояндагӣ аз аҳзоби сиёсӣ, занон ва доираҳои рӯшанфикри ҷомеаи Афғонистон даъват шаванд.
“Ҷабҳаи муқовимат ҳанӯз ба ҳалли қазияи Афғонистон аз роҳи музокирот ва роҳҳали сиёсӣ пойбанд аст. Мо ба ин боварем, ки ҷанг роҳи ҳал нест ва Афғонистон фақат аз роҳи гуфтушунид ба як сулҳу суботи пойдор даст ёфта метавонад”, - гуфт ӯ.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд умдатарин нерӯи низомиву сиёсиест, ки бо ҳукумати толибон ҳам дар майдони ҷанг ва ҳам мизи музокирот рӯ ба рӯ аст. Аввалин гуфтушунидҳои сулҳ миёни толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳанӯз моҳи августи соли гузашта баргузор шуда, аммо ба натиҷа нарасиданд. Пас аз суқути дараи Панҷшер дар моҳи сентябри ҳамон сол равобити сиёсӣ миёни онҳо қатъ ва моҳи январи соли равон дубора барқарор шуд. Аммо музокироте, ки дар Теҳрон сурат гирифт, низ натиҷае ба бор наовард.
Дар ҳамин ҳол иқдоми Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон барои баргузории як конфронси бузурги нерӯҳои сиёсии Афғонистон дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон пас аз сафари раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва мулоқоти ӯ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон гирифта мешавад. Яке аз мавзуъҳои калидии ин сафар вазъи Афғонистон ва баррасии заминаҳои ҳамкории кишварҳои ҳамсоя барои барқарории сулҳу субот дар ин кишвар буд.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Дар Душанбе таҳкими ҳифзи сарҳаи байни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд
Чанд рӯзи қабл дар Кобул Луйи Ҷирга, маҷлиси бузургони Афғонистон низ бо ибтикори толибон ва ширкати беш аз 3 ҳазор намоянда аз саросари ин кишвар баргузор шуд, ки аз сӯйи мухолифини онҳо мавриди интиқод низ қарор гирифт.
Қарор аст, охири моҳи июн дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон низ як конфронси дигар дар робита бо Афғонистон баргузор шавад. Аммо таърихи баргузории конфронси Душанбе ҳанӯз дақиқ нест.
Моҳи гузашта дар шаҳри Анкараи Туркия низ як ҷаласаи бузурги аҳзоби мухолифи Толибон баргузор шуд, ки дар пайи он Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон, ба шумули узвияти Ҷабҳаи муқовимати миллӣ арзи вуҷуд кард.
Ба ҳамин минвол Душанбе ба яке аз майдонҳои музокироти нерӯҳои сиёсии Афғонистон барои бурунрафт аз буҳрон дар ин кишвар табдил меёбад. Гуфта мешавад, теъдоди бузурге аз нерӯҳои мухолифи толибон дар ин кишвар паноҳ бурдаанд.
Лентаи хабарҳо
0