Куштигирони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии Осиё ду медал гирифтанд

© Sputnik / Стас ЭтвешПразднование Навруза в Москве на стадионе "Лужники"
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Обуна шудан
Қаҳрамонии Осиё дар риштаи куштӣ миёни ҷавонону наврасон дар Баҳрайн то 10 июл идома меёбад. Аз Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 8 куштигир иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Рӯзи аввали Қаҳрамонии Осиё дар риштаи куштӣ миёни ҷавонону наврасон барои тими Тоҷикистон бобарор буд. Федератсияи куштии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ду варзишгари тоҷик медал гирифтанд.
Бар хабари манбаъ, медали нуқраро Исоҷон Нурмаҳмадов дар вазни 68 кг сазовор шуд. Ӯ дар даври аввал ҳарифи худ аз Эронро шикаст дод ва дар даври баъдӣ аз куштигири Ҳиндустон мағлуб шуд.
Ҳамчунин, Муҳаммад Абдуҳакимзода дар вазни 62кг медали биринҷӣ ба даст овард. Манбаъ меафзояд, Муҳаммад дар ду давр бар варзишгарони Қазоқистон ва Ироқ дастболо шуда, ба нимфинал баромад. Вале дар ин давр аз варзишгари Эрон мағлуб шуд. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм дубора варзишгари Ироқро шикаст дод.
Ҳашт варзишгари тоҷик ба Баҳрайн меравад

Қаҳрамонии Осиё дар риштаи куштимиёни наврасон ва ҷавонон дар шаҳри Манамаи Баҳрайн то 10 июл идома меёбад.

Ба иттилои Федератсияи куштӣ, Тоҷикистонро панҷ нафар миёни наврасон ва се нафар миёни ҷавоно намояндагӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи чоруми июл нерӯсанҷӣ миёни наврасон дар куштии тарзи озод сурат мегирад. Идрисҷон баҳромов ва Алиризо ББаҳромов дар ин бахш нерӯ месанҷанд.
Сар аз 5 июл қувваозмоиҳо миёни ҷавонон сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0