Муҳаққиқ: Ғанӣ бо зӯри НАТО ва Амрико ду бор ба унвони раисҷумҳур интихоб шуд

© Sputnik / T.AZIMБывший советник президента Афганистана Мухаммад Мухакик
Бывший советник президента Афганистана Мухаммад Мухакик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон таъкид дорад, ки Амрико ду бор Ашраф Ғаниро тавассути интихоботи қалбакӣ раисҷумҳур кард
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Муҳаммад Муҳаққиқ, раиси Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон ба “Kobul news” гуфтааст, ки интихоби доктор Ғанӣ қалбакӣ ва сохта буд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
“Мо онро қабул надоштем, агар интихобот воқеъӣ мебуд мо бурда будем”,- вай гуфт.
Ӯ афзуд, ки генерали амрикоӣ Милер, фармондиҳи собиқи неруҳои хориҷӣ дар Афғонистон, сафири Амрико дар Кобул ва созмони “Сиё”, Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва атрофиёнашро таҳдид мекарданд агар Ашрафи Ғаниро напазиранд алайҳи онон амалиёти Низомӣ анҷом хоҳанд ёфт.
Муҳаққиқ афзудааст, ки раисҷумҳури фирорӣ, Ашраф Ғанӣ дар замони ҳокимияташ амалҳоеро анҷом медод, ки ҳама медонистанд Афғонистонро ба сӯйи нобуди савқ медиҳад.
Талибы стоят на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Вазири дифои Русия гуфт, вазъият дар Афғонистон вахимтар мешавад
Ёдрас мешавем, раисҷумҳурии Афғонистон рӯзи 15-уми август, замоне ки ҷангҷӯёни “Толибон” дар паси дарвозаҳои Кобул истода буданд, кишварашро тарк кард.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Заҳири Ағбар дар як нишасти матбуотӣ рафтори ӯро “хиёнат ба давлату миллат” номид ва иддао кард, ки “169 миллион доллари мардуми кишварро бо худ бурдааст”. Ӯ гуфт, Ғанӣ бояд боздошт шавад ва сарвати миллати Афғонистонро баргардонад.
Ашраф Ғанӣ дар паёме дар гуфта буд, “ман ҳеч чизе бо худ набурдаам. Берун овардани пул аз Афғонистон тавассути ман дурӯғ аст. Ман бо як пироҳан аз Афғонистон берун шудам. Ҳар касе бароятон гуфт, раиси ҷумҳуриятон шуморо фурӯхт ва барои манфиати молӣ ва ҳифзи ҷони хеш фирор кард, бовар накунед”.
Лентаи хабарҳо
0