Нигаронии ширкати барқрасон аз афзоиши қарзи истифодаи барқ дар Хатлону Бохтар

© Pixabay/a_roeslerЛампа накаливания
Лампа накаливания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Масъулони шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар аз афзоиши қарзи ташкилоту идораҳо, корхонаҳо, аҳолӣ ва ҳатто ҳукумати шаҳри Бохтар нигаронанд
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Масъулони Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар иддао доранд, ки ташкилоту идораҳо, корхонаҳо, аҳолӣ ва ҳатто ҳукумати шаҳри Бохтар аз ширкат 126 миллион 563 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Ба иттилои манбаъ, ин вазъ масъулони ин ниҳодро нигарон кардааст.
Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар, таъкид кардаанж, ки қарзи барқ ба ҷойи кам шудан, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ беш аз 4 миллиону 119 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.
“Аз 126 миллиону 563 ҳазор қарзи барқ бештар аз 47 миллиону 619 ҳазораш аз аҳолӣ, 34 миллиону 847 ҳазораш аз ташкилоту идораҳои буҷетиву коммуналӣ ва боқӣ аз дигар муштариён аст”, – хабар додааст яке аз кормандони ин ширкати барқӣ.
Масъулини ин ширкат иттилоъ додаанд, ки ҳатто ҳукумати вилояти Хатлон 525 ҳазору 459 сомонӣ ва ҳукумати шаҳри Бохтар 466 ҳазор сомонӣ, бахши фарҳанги шаҳр 258 ҳазор сомонӣ, Раёсати андози вилоят 50 ҳазор сомонӣ, беморхонаи вилоятии Қарияи Боло ба номи Буррӣ Воҳидов 748 ҳазор сомонӣ, театри шаҳр 64 ҳазор сомонӣ, Маркази саломатии шаҳри Бохтар 123 ҳазор сомонӣ ва ба ин монанд даҳҳо корхонаву ташкилотҳои дигар дар назди шабакаҳои барқи шаҳр қарзҳои ҳангуфт доранд.
Линии электропередачи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Тоҷикистон аз фурӯши нерӯи барқ ​​миллионҳо даромад мегирад
Ширкати мазкур аз он нигаронанд, ки дар панҷ моҳи соли ҷорӣ қарзи ҳукумати вилоят 118 ҳазор сомонӣ ва аз ҳукумати шаҳри Бохтар 52 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи “Фараж”, як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Бохтар қайд кардааст, ки омили зиёд шудани қарзи барқ дар ҳукумати шаҳр ин маблағгузории нокифоя аз буҷети шаҳр мебошад.
Лентаи хабарҳо
0