Путин: Нерӯҳои пирӯзшуда дар Луганск бояд истироҳат кунанд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузаштан ба хазинаи аксРабочая поездка президента РФ В. Путина в Санкт-Петербург
Рабочая поездка президента РФ В. Путина в Санкт-Петербург - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Воҳидҳое, ки дар озодсозии Ҷумҳурии Луганск иштирок доштанд, бояд истироҳат кунанду тавони ҷангияшонро таҳким бахшанд, гуфт раисҷумҳури Русия
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Воҳидҳои низомие, ки дар самти Луганск пирӯзӣ ба даст оварданд, бояд истироҳат кунанд, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, дар мулоқот бо Сергей Шойгу, вазири мудофиаи ФР.
Ӯ муҳим хонд, ки зимни истироҳат тавони ҷангии ин воҳидҳо таҳким бахшида шавад.
"Воҳидҳое, ки фаъолона дар амалиёти ҷангӣ иштирок карданду муваффақ шуданд, пирӯзиро дар самти Луганск ба даст оварданд, бидуни шак бояд истироҳат кунанд, зарфияти ҷангияшонро бештар намоянд", - изҳор дошт Путин.
Дар зимн вай барои сохтору воҳидҳои дигари низомӣ, аз ҷумла "Восток" ва "Запад" муҳим хонд, ки ҳадафҳои гузошташударо тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуда иҷро кунанд.
Ин дар ҳолест, ки Шойгу 3 июл ба раисҷумҳури Русия, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ ҳисобот дод, ки Луганск пурра озод шуд.
Гузориш дар ҳоле садо дод, ки нерӯҳои муштараки низомиёни Русия ва милисаи мардумии Луганск шаҳри Лисичанск - охирин шаҳри собиқ вилояти Луганскро, ки таҳти назорати нерӯҳои украинӣ буд, муҳосира намуданд. Майдони озодшуда тайи шабонарӯзи охир 182 километри мураббаъ арзёбӣ гардида буд.
Просветительский марафон Новое знание. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2022
Кремл: Киев дер ё зуд ба дарки талаботи Русия мерасад
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.
Лентаи хабарҳо
0