Қурби рубл дар биржаи Маскав каме поин рафт

© Sputnik / Алексей СухоруковМонеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро.
Монеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Арзиши доллари амрикоӣ дар биржаи Маскав майли болоравӣ дошта, ба нишондоди баландтарин дар давоми ду ҳафтаи охир расидааст
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Қурби евро ва доллар ба нишондоди баландтарин дар баробари рубл тайи 2 ҳафтаи охир - аз 20 июн ба ин сӯй расидаанд, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба биржаи Маскав.
Ба иттилои манбаъ, қурби рубли Русия дар нисбати доллари амрикоӣ то 56,5 ва дар нисбати евро то 58,9 кам шудаст.
Арзиши доллар ба ҳисоби рӯзи 5 июн дар сатҳи 55,4 рубл ва евро 57,5 рубл муқаррар шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Бонки марказии Русия қурби расмии доллар ва евро нисбат ба рублро дар рӯзҳои корӣ бо такя ба қурби бозорӣ дар Биржаи Маскав муайян мекунад.
Идомаи коҳиши арзиши арзиши асъори хориҷӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки қурби мусоиди доллар барои иқтисоди Русия дар сатҳи 70-80 рубл арзёбӣ мешавад, изҳор дошт ахиран ноиби аввали сарвазири ФР, Андрей Белоусов.
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Дар Тоҷикистон пулҳои нав ба муомилот бароварда шуданд - акс
Ӯ гуфт, ҳукумати Русия талош дорад, то қурби долларро дар сатҳи мусоид расонад. Белоусов мегӯяд, василаҳое, ки барои устувории рубл дар шароити қурби шинокунанда мусоидат мекарданд, феълан амалан муассир нестанд.
"Сабабаш масдудсозии захираҳои Бонки Русия ва дар натиҷа лағви қоидаҳои буҷетӣ мебошад", - тавзеҳ дод Белоусов.
Дар зимн асъори миллӣ бояд то сатҳи мусоид ҳарчи зудтар поин равад, таъкид намуда буд ноиби сарвазири Русия.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина дар моҳи феврали соли равон қурби рубл то ба ҳадди бесобиқа поин рафт, аммо баъдан рӯй ба устуворӣ ниҳод.
Лентаи хабарҳо
0