Дар Русия мошинҳои боркаши бесарнишин пайдо мешаванд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкАвтомобильный завод "Камаз", архивное фото
Автомобильный завод Камаз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Обуна шудан
Мудири генералии "SberAutoTech" мегӯяд, тайи 5-10 соли наздик дар Федератсияи Русия василаи нақлиёти борбари бесарнишин пайдо мешавад
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Ҳоло дар рушди мошинҳои бесарнишин авлавият ба мошинҳои боркаш дода мешавад, на таксиҳои бидуни ронанда. Дар ин бора Андрей Василевский, директори генералии SberAutoTech, як ширкати пешрафтаи технологии Русия, ки мошинҳои бесарнишинро таҳия мекунад, дар ҳошияи намоишгоҳи асосии саноатии Русия Иннопром-2022 дар Екатеринбург дар мусоҳиба бо Sputnik гуфт.
"Дар Русия раванди технологии офариниши мошинҳои бесарнишин он қадар рушд кардааст, ки дар 5-10 соли оянда мо дар роҳҳои Русия як мошини бесарнишинро хоҳем дид", - гуфт Василевский.
Ба гуфтаи ӯ, пеш аз ҳама, инҳо мошинҳои бесарнишин барои ҳамлу нақли бор хоҳанд буд. Ӯ мегӯяд барои интиқол додани мусофирон ингуна мошинҳо ҳоло мавриди истифода қарор намегиранд, зеро барои ин кор риоя кардани як қатор қарорҳои танзимкунанда зарур аст.
Ба роҳ андохтани ингуна мошинҳо ҷанбаи иҷтимоӣ низ дорад, мегӯяд ӯ. Бо фаъол шудани ин мошинҳо мушкили камбуди ронандаҳои мошинҳои боркаш бартараф мешавад.
"Терминатор"-ҳои Русия ғайринизомисозӣ дар Украинаро тасреъ мекунанд
Василевский итминон дод, ки Русия набояд дар мавриди хориҷ шудани ширкатҳои хориҷии истеҳсокунандаи электроника хавотир шавад. Ӯ гуфт берун рафтани ширкатҳои хориҷӣ раванди истеҳсоли технологиро дар Русия заиф нахоҳад кард.
"Дар ҳама гуна соҳаҳо, бахусус, дар соҳаи технологияҳои баланд, табодули иттилоот хеле муҳим аст. Ширкати мо ҳоло муколамаи байналмилалиро бо як қатор ширкатҳои пешқадам барои ҷалб намудани мутахассисон ба хотири эҷоди маҳсулоти нави технологӣ идома медиҳад", - "гуфт директори генералии SberAutoTech.
Ӯ бовар дорад, ки таҳиягарон ва мутахассисони Русия дар соҳаи электроника потенсиали хуб доранд ва дар оянда талаботи дохилиро бо беҳтарин мошинҳо ва ҳамагуна технология таъмин хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0