Захоири газ дар Олмон танҳо барои як ё ду моҳ басанда аст

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксГазокомпрессорная станция Gascade в Айслебене
Газокомпрессорная станция Gascade в Айслебене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Роҳбари Оҷонсии шабакаи федералӣ мегӯяд, феълан анборҳои газ дар Олмон беш аз 60 дарсад пур шудаанд. Ӯ мегӯяд, ин захира танҳо барои як ё ду моҳ мерасад
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ, ки қатъи пурраи интиқоли газ аз Русияро дар бар мегирад, захоири он дар Олмон аз як то ду моҳ идома хоҳад кард. Дар ин бора дар мусоҳиба бо медиа-гурӯҳи "Funke" роҳбари Агентии шабакаи федеролӣ Клаус Мюллер изҳор дошт.
"Агар мо гази бештари Русияро ба даст наоварем, пас дар айни замон ҳаҷми захирашуда бо дарназардошти ӯҳдадориҳои мо оид ба интиқоли минбаъдаи газ ба дигар кишварҳои Аврупо, эҳтимолан (барои як давра), аниқтараш то ду моҳ кофӣ хоҳад буд", - иафзудааст Мюллерро.
Маълум аст, ки ҳоло анборҳои газ дар Олмон бештар аз 60 % пур шудаанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, таъмини кишвар бо сӯзишвории кабуд муътадил аст.
Қаблан Мюллер гуфта буд, ки Русия аллакай тавассути "Маҷрои шимолӣ" то 60 % коҳиш додааст.
Ба эътиқоди ӯ, иллати ин мушкили фаннӣ набудааст. Дар робита ба ин, раиси ин ниҳоди олмонӣ афзоиши қимати газро барои истеъмолкунандагон пешбинӣ кардааст. Вай гуфт, ки ба далели вазъ дар лӯла қимати газ метавонад се баробар афзоиш ёбад ва пешгӯии таҳаввулоти минбаъда мушкил аст.
Флаг перед Рейхстагом в Берлине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2022
Расонаҳо: Норасоии газ дар Олмон иқтисоди тамоми Иттиҳоди Аврупоро ба қафо мекашад
Ёдовар мешавем: Рӯзи 14 июн "Газпром" эълом дошт, ки ба далели таъхир дар кори ширкати олмонии Siemens он метавонад танҳо се агрегати компрессории газро (GPU) дар ин истгоҳ истифода барад.
Рӯзи дигар ширкати русӣ эълон кард, ки як турбинаи дигари гази Siemens -ро бозмедорад ва аз рӯзи 16-ум метавонад ба "Маҷрои Шимолӣ" на бештар аз 67 миллион метри мукааб дар як шабонарӯз интиқол диҳад, дар муқоиса бо 167 миллиони пешбинишуда.
Илова бар ин, аз 21-уми июн то 28-уми июн интиқоли газ тавассути "Маҷрои туркӣ" (газ тавассути он ба Туркия ва транзит тавассути қаламрави Туркия ба кишварҳои Аврупои Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ интиқол дода мешавад) қатъ карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0