Алишер Мирзонабот: Марҳилаи нави рушди Бадахшон оғоз шуд

© Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиии РТШирин Амонзода, вазири меҳнат ва Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ
Ширин Амонзода, вазири меҳнат ва Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тайи як ҷаласае дар ҷамъи мақомоти мухталифи ин вилоят эълон кардааст, ки марҳилаи нави рушди Бадахшон оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар ин бора Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мулоқот бо Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ гуфтааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат.
“Марҳилаи нави рушди Бадахшон оғоз шуда, сохтмони роҳҳову хонаҳои баландошёна, коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва дигар иншооти таъиноти гуногун ба таъсиси ҷойҳои кори нав мусоидат менамоянд”, - таъкид кардааст Алишер Мирзонабот.
Дар ҳамин ҳол, Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз қабули Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ёдовар шуда, моҳият ва механизми татбиқи ин ҳуҷҷати муҳимро ба ҳозирин баён дошт.
Джамолиддин Абдуллозода министр здравоохранения РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2022
Бо дастури президент вазири тандурустӣ ба ВМКБ рафт
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, раисони ноҳияҳои ВМКБ ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таклиф ва пешниҳодҳои худро барои мусоидат ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани аҳолӣ, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар рақобатпазир, сафарбаркунӣ барои фаъолияти меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, мубодилаи таҷриба байни минтақаҳои ҷумҳурӣ ва таъмини шуғли пурмаҳсул манзур намуданд.
Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, пешниҳодҳои мақомоти шаҳру ноҳияҳои ВМКБ-ро пурра омухта, ҳар кадоми онро дар алоҳидагӣ барои дастгирӣ ба шарикони рушд пешниҳод намояд.
Масъулини вазорати меҳнат зикр карданд, ки зимни таҳияи Барномаи минтақавии шуғли пурмаҳсул дар ВМКБ бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофии вилоят ба инобат гирифта мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0