Дабири кулли нави Федератсияи футболи Тоҷикистон кист?

© Пресс-служба ФФТ Фуркатджон Ахмедджонов, генеральный секретарь ФФТ
Фуркатджон Ахмедджонов, генеральный секретарь ФФТ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Роҳбарии Лигаи футболи бонувон ва Лигаи футзали Тоҷикистон ахиран ба ҳайси Дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Фурқатҷон Ахмедҷонов, дабири кулли ФФТ таъйин шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, Фурқатҷон Ахмедҷоновдар дар ин вазифа ба ҷойи Давлматманд Исломов, ки ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи дабири кулли ФФТ рафт, таъйин шудааст.
“Дар сохтори Федератсияи футболи Тоҷикистон тағйирот ба амал омад. Давлматманд Исломов бо сабаби ба кори дигар гузаштан вазифаи дабири кулли ФФТ-ро тарк кард”, - хабар додааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Давлатманд Исломов изҳори сипос намуда, ба ӯ дар вазифаи наваш дар сохтори ФФТ комёбӣ таманно кардааст
Встреча председателя согдийской области с руководством Федерации футбола Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Аҳмадзода бо ноиби Рустами Эмомалӣ рушди футбол дар Суғдро баррасӣ кард
Бояд гуфт, ки Фурқат Ахмедҷонов, қаблан роҳбарии Лигаи футболи бонувон ва Лигаи футзали Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
Федератсияи футболи Тоҷикистон созмони ҷамъиятии варзишиест, ки футболи Тоҷикистонро идора ва назорат мекунад.
ФФТ тими миллӣ, дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонон, дастаи мунтахаби миллии олимпӣ ва футзалу футболи занонаи Тоҷикистонро ташкил намуда, нигаҳбонӣ мекунад ва иштироки онҳоро дар мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ таъмин менамояд.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0