Гуруснагӣ намешавад. Русия ба миқдори рекордӣ гандум ҷамъоварӣ карданист

Пшеничное поле в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бузургтарин ширкати содиркунандаи гандуми Русия "Русагротранс" мегӯяд, дар ин кишвар дар соли 2022 ҳосили гандум ба ҳадди рекордӣ хоҳад расид
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Русия дар соли 2022 метавонад ба миқдори рекордии 90 миллион тонна гандум ҷамъоварӣ кунад, гуфта мешавад дар маводи маркази таҳлилии яке аз ширкатҳои бонуфузи содиркунандаи ин маҳсулот "Русагротранс".
"Маркази таҳлилии "Русагротранс" боз пешгӯии истеҳсоли гандум дар Русияро барои соли ҷорӣ 0,7 миллион тонна - ба ҳадди рекордии 90 миллион тонна ҳисоби умумиро боло бурд. Ин ҳисоб дар асоси маълумоти ҷамъоварии ҳосил ва вазъи зироатҳои навоҳии ҷанубӣ ислоҳ шудааст", — гуфта мешавад дар гузориш.
Айни замон ин баландтарин баҳодиҳии ҳосили ҳосилшуда мебошад, ки коршиносони соҳа эълон кардаанд: масалан, маркази таҳлилии "Совекон" ҳосили гандумро 89,2 миллион тонна, Институти омӯзиши бозори кишоварзӣ (ИКАР) дар сатҳи 88,7 миллион тонна, Иттидодияи ғаллаи Россия (РГУ) ҷамъоварии ҳосилро 83—84 миллион тонна мешуморад.
Президент РФ В. Путин принял участие в работе ПМЭФ-2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Путин: Русия метавонад содироти ғалларо афзоиш диҳад
Тибқи пешгӯиҳои расмӣ, ҳосили ғалла дар Русия дар соли 2022 метавонад ба 130 миллион тонна бирасад. Аз ин 87 миллион тонна дар назар аст, ки гандум бошад.
Коршиносони "Русагротранс" ҳисобҳои ҳосили гандуми тирамоҳӣ барои вилоятҳои Краснодар, Ставропол ва Ростовро зиёд карданд, ки дар натиҷа тахмини умумии ҳосилнокӣ дар ноҳияҳои федералии ҷанубӣ ва Кавкази Шимолӣ 0,7 миллион тонна зиёд шуда, ба сатҳи рекордӣ 38,5 миллион тонна расид.
Пешгӯии умумии ҳосили ғалла аз 138 миллион тонна ба 138,6 миллион тонна расонида шуд, дар ҳоле ки ҳисобҳои зироатҳои дигар бетағйир монданд - аз ҷумла, инҳо 20,3 миллион тонна ҷав ва 15 миллион тонна ҷуворимакка мебошанд.
Русия ғалла, хӯроки чорво ва рӯғани офтобпарастро бо рубл мефурӯшад
Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, дар аксари минтақаҳои ғаллакор ҳаво барои кишт мусоид боқӣ мемонад ва ягона нигаронӣ камбориш дар ҷануб аст: ба гуфтаи мутахассисон, ин метавонад ба ҳосили баҳорӣ асосан ҷуворимакка ва офтобпараст таъсири манфӣ расонад.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз бузургтарин содиркунандагони гандум дар ҷаҳон аст.
Қаблан Владимир Путин дар ҳамоиши иқтисодии Петербург аз ҳосили хуби ғалла ёдовар шуда, гуфт, ки кишвараш омода аст, соли ҷорӣ содиротро то 50 миллион тонна афзоиш диҳад.
Лентаи хабарҳо
0