Иди Қурбон: тоҷикистониён чанд рӯз истироҳат мекунанд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар моҳи июл Тоҷикистон як ҷашни бузург доранд ва он Иди Қурбон аст. Бо назардошти ҷашни мазкур тоҷикистониён моҳи равон нуҳ рӯз истироҳат хоҳанд кард
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таърихи дақиқи баргузории Иди Қурбон дар кишварро эълон кард.
Иди Қурбон соли 2022 ба 9 июл рост меояд. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.
Тибқи қонун, агар санаи иди расмӣ ба рӯзҳои истироҳат рост ояд, он гоҳ рӯзи дигари корӣ ҳам рӯзи истироҳат эълон мешавад. Ҳамин тариқ рӯзҳои 9, 10 ва 11 июл дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат эълон шудаанд.
Тақвими мусалмонӣ барои соли 2022
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0