Инҳидоми 1451 паҳподу 134 чархболи артиши Украина

© Sputnik / Алексей ДаничевБеспилотный летательный аппарат (БПЛА)
Беспилотный летательный аппарат (БПЛА) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар идомаи амалиёти вижаи низомии Русия дар хоки Украина 231 ҳавопаймои ҷангӣ ва 1451 паҳподи мухталифи ин кишвар нобуд шуд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Вазорати дифои Русия ахиран хабар дод, ки аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар хоки Украина артиш ҳудуди 8 ҳазор мошин ва зиреҳпӯшро нобуд карда аст, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
“Дар маҷмӯъ, аз оғози амалиёти вижаи низомӣ ин миқдори таҷҳизоти низомӣ нобуд карда шуд: 231 ҳавопаймо, 134 чархбол, 1451 паҳпод, 353 сомонаи зиддиҳавоӣ, 3910 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 716 адад рокетандози чандгона, 3092 тӯпу миномётхои саҳроӣ, инчунин 4016 адад мошинҳои махсуси низомӣ”, - иттилоъ додаст вазорати дифои Русия.
Флаг Украины с гербом развевается, когда активисты собираются на площади Лафайет в знак протеста против российского вторжения в Украину в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Барномаи бозсозии Украина 750 миллиард доллар арзёбӣ шуд
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.
Лентаи хабарҳо
0