Хонандаи тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ ҷойи якум ва 16 ҳазор доллар гирифт

© Российский центр науки и культуры в ДушанбеТаджикские школьники приняли участие в Международном историческом квесте "За пределами"
Таджикские школьники приняли участие в Международном историческом квесте За пределами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Ҳамакнун толибилми тоҷик метавонад дар дилхоҳ риштаи ин донишгоҳи Қазоқистон ба таври ройгон таҳсил кунад. Ӯ аз миёни хонандагони 30 кишвар ҷойи якумро гирифт
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар олимпиадаи байналмилалии ISPT - Қазоқистон 2022, аз миёни толибилмони 30 давлати дунё хонандаи тоҷик мақоми аввал гирифт.
Ин хонанда Фирдавс Маҳмадҷонов буда, дар литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд таҳсил мекунад.
Дар олимпиада ӯ холҳои бештар гирифт ва соҳиби шоҳҷоиза - гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 16 ҳазор доллар гардид. Фирдавс акнун имкон пайдо намуд, ки ба таври ройгон дар дилхоҳ риштаи донишгоҳи Қазоқистон ба номи Сулаймон Демирел таҳсил кунад.
Бояд гуфт, ҳамасола донишгоҳи мазкур ба хотири дарёфти хонандагони болаёқат байни 30 кишвари олам олимпиадаи байналмилалӣ баргузор намуда, ба 12 нафар хонандагон аз тамоми олам шоҳҷоиза: бурсияи таҳсили ройгон дар донишгоҳро медиҳад.
Таджикские студенты на международной олимпиаде Коперник - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Хонандагони тоҷик аз Техас 15 медал оварданд
Имсол дар олимпиадаи ин Донишгоҳ 90 нафар хонандагони синфи 11 аз Тоҷикистон иштирок намуда, вале танҳо Фирдавс тавонист соҳиби шоҳҷоиза гардад.
Манбаъ меафзояд, донишгоҳи Сулаймон Демирели Қазоқистон бо 21 донишгоҳои бонуфузтарин давлатҳои ҷаҳон аз ҷумла: Амрико, Англия, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Австралия ҳамкорӣ дошта, донишҷӯён имкон доранд ба ин давлатҳо ба муҳлати аз шаш моҳ то як сол сафар намуда, таҷрибаомӯзӣ намоянд.
Донишгоҳи мазкур ба гурӯҳи донишгоҳҳои бонуфузи қораи Осиё шомил буда, 4 соли омӯзиш дар ин донишгоҳ наздик ба 16 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0