Дар Хуҷанд хатсайри нави автобус пайдо мешавад

© Пресс-служба председателя города ХуджандВ Худжанде вводят в эксплуатацию автобусы с электронной системой платежей
В Худжанде вводят в эксплуатацию автобусы с электронной системой платежей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Ин хатти сайри нави автобусҳои мусофирбар, ки аз охири моҳи июл роҳандозӣ мешавад, аз таваллудхона то истгоҳи паҳлуи муҷассамаи Шоҳин ва баръакс хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар Хуҷанд хатсайри нави автобус ташкил карда мешавад. Сокинону меҳмонони шаҳр дар охири моҳи июл аз он истифода мебаранд. Дар ин бора SugdNews бо такя ба идораи Нақлиёти мусофирбарии шаҳри Хуҷанд менависад.
Хатсайри нав аз ҳудуди таваллудхонаи шаҳр оғоз мешавад. Автобусҳо аз кӯчаи 60-солагии Тоҷикистон, хиёбони Рифат Ҳоҷиев ва хиёбони Исмоили Сомонӣ ҳаракат мекунанд.
Истгоҳи ниҳоӣ дар саршавии ноҳияи Бобоҷон ғафуров - гардиши маъруф ба қӯш ҷойгир хоҳад шуд. Автобусҳо боз аз кучаи Юрий Гагарин ва кучаи Шарқ ба суи таваллудхона ҳаракат мекунанд.
"Аз ҳама сокинон ва меҳмонон хоҳиш мекунем, ки аз хидматрасонии нақлиёти мусофирбарии шаҳрӣ истифода баранд. Пардохти роҳкиро аз рӯи корти сафар сурат мегирад", - афзудааст мусоҳиби пойгоҳи хабарӣ.
Общественный транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Дар Душанбе хатсайри нави автобусҳо роҳандозӣ мешавад
Рақами хатсайр, санаи дақиқи роҳандозии он ва ҷузъиёти дигар ҳанӯз эълон нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки 10 июни соли 2022 дар шаҳр автобуси рақами 5 ба кор даромад, ки дар масири Ғаламайдон то Панҷшанбе ва бозгашт ҳаракат мекунад.
Ҳоло дар автобазаи Хуҷанд 68 нақлиёти аз ҷиҳати техникӣ корношоям мавҷуд аст. Ҳар рӯз мусофирон аз 24 автобус истифода мебаранд.
Гуфта мешавад, мошинҳо дар хатсайрҳо ду рӯз ҳаракат мекунанд ва баъд бо ҳамин муддат дар таъмир қарор мегирад.
Лентаи хабарҳо
0