Ду кишвар бо хушксолии маргбор дучор мешавад. Тоҷикистон ҳам?

CC0 / Pixabay / Засуха
Засуха - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ин офати табииро антисиклони Азор - як минтақаи дорои фишори баланд ба вуҷуд меорад, ки ба обуҳаво таъсири назаррас дорад
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Бар асари тағирёбии иқлим, дар баъзе минтақаҳои Испания ва Португалия дар ҳазор соли охир хушксолии рекордӣ хоҳанд шуд. Дар ин бора маҷаллаи "Nature Geoscience" хабар медиҳад.
Тадқиқоти мувофиқро олимони Донишгоҳи Айова, Институти Океанографии Вудс Ҳоул ва Донишгоҳи Ню Мексико анҷом доданд.
Ба гуфтаи коршиносон, хушксолӣ дар минтақаҳои Испания ва Португалияро антисиклони Азор, яъне минтақаи фишори баланд, ки ба обу ҳавои Аврупои Ғарбӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад, ба вуҷуд меорад.
Муҳаққиқон гуфтанд, ки дар минтақаи нимҷазираи Пиреней ба ҳисоби миёна 732 мм бориш мешавад. Дар баробари ин 40 фоиз ба моҳзои зимистон рост меояд.
Вид на Аральское море с высоты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Боз хурдтар шуд: кайҳоннавард акси Арал аз фазоро нашр кард
Дар нимаи дуюми асри 20 боришот дар як даҳсола 5—10 мм кам шуд.
Антисиклони Азор тақрибан 200 сол пеш аз афзоиши ифлосшавии атмосфераи саноатӣ оғоз ёфт. Рушди он дар асри 20 аз сабаби гармшавии антропогении глобалӣ суръат гирифт.
Ин ба зимистонҳои хушк дар баҳри Миёназамин дар ғарб оварда расонд. Ба эътиқоди олимон, то охири асри 21 мизони боришот дар минтақа метавонад боз 10-20% коҳиш ёбад.
Замин ба мавҷи шашуми нобудшавии оммавӣ дучор меояд
Ҳамин тариқ, кишоварзии Аврупо дар ҳолати осебпазир қарор хоҳад гирифт. Масалан, то соли 2050 майдони кишти ангур чорьяк кам карда, баъд аз беобӣ аз байн меравад. Истехсоли зайтун низ кам мешавад.
Олимон ёдовар шуданд, ки баландшавии антисиклони Азор бо афзоиши газҳои гулхонаӣ дар атмосфераи Замин идома хоҳад дод. Ин боиси хеле зиёд шудани хавфи хушксолии шадид дар нимҷазираи Пиреней мегардад.
Лентаи хабарҳо
0