Аз Комроншоҳ то Хоҷазода: паҳлавонони тоҷик барои қувваозмоӣ ба Будапешт мераванд

© Страница вконтакте / Комроншох УстопирёнКомроншох Устопирён, архивное фото
Комроншох Устопирён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Марҳилаҳои боқимондаи мусобиқоти "Grand Slam" дар мавсими имсола дар чаҳор давлати дигар баргузор мешаванд, ки имконест барои дарёфти холҳои варзишӣ
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии Тоскулоҳи бузург, ки дар дар шаҳри Будапешти Венгрия доир мегардад, панҷ варзишгар намояндагӣ мекунанд
Тоскулоҳи бузурги Венгрия аз 8 то 10-уми июл доир мегардад, ки дар он 463 варзишгар (265 мард, 198 зан) аз 66 давлат баргузор мешавад.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) намояндагӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин дуюм мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 маҳсуб меёбад.
Дзюдоист Бехруз Ходжазода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Паҳлавони номовари тоҷик баъди ҷароҳати сангин ба майдон баргашт
Радабандии олимпии ҷудо, аллакай пас аз натиҷагирии Гранд Слами Улан Батор шакл гирифт, ки се варзишгари мо – Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (-73кг) ва Амирҷони Насимҷон (-90кг) ба он ворид шуданд.

Тибқи низомномаи мусобиқа дар рӯзи аввал – 8-уми июл Муҳаммад ва Шаҳбоз вориди набардҳо мешаванд. Дар рӯзи дуюм – 9-уми июл Беҳрӯз ва дар рӯзи сеюм – 10-уми июл Ҷаҳонгир ва Комроншоҳ бо ҳарифонашон рақобат хоҳанд кард.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар рақобатҳои инфиродӣ дар Будапешт бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд.
Ба ғолиби ҳар вазн 5000 евро, ба барандаи медали нуқра – 3000 ва бар барандагони ду медали биринҷӣ 1500-евроӣ пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки марҳилаҳои боқимондаи мусобиқоти "Grand Slam" дар мавсими имсола дар Загреб, Абу-Даби, Боку ва Токио баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0