Наришкин: Русия барои ояндаи таърихии худ мубориза мебарад

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузаштан ба хазинаи аксДиректор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин
Директор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мудири Хадамоти истихбороти хориҷии Федератсияи Русия изҳори итминон кардааст, ки пирӯзӣ дар муқобила бо Ғарб насиби Русия хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ҳоло Русия барои ояндаи таърихии худ дар муқобила бо Ғарб, мубориза мебарад ва дар ин росто, пирӯзӣ насиби Русия мешавад.
Дар ин бора, мудири Хадамоти истихбороти хориҷии Русия Сергей Наришкин гуфт.
"Дӯстони азиз, имрӯз кишвари мо давраи хеле муҳим ва масъулиятноки таърихи худро аз сар мегузаронад. Русия арзишҳои умумибашариро пайваста ҳимоя мекунад, барои мавқеи худ дар ҷаҳон, барои ояндаи таърихии худ мубориза мебарад ва бешубҳа, ғалаба азони мо хоҳад буд", - гуфт ӯ дар маросими супурдани унвонҳои магистрӣ ба дастпарварони Мактаби олии идоракунии давлатии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов.
Пештар ҳам мудири Хадамоти истихбороти хориҷии Федератсияи Русия гуфта буд, ки Русия ва Донбасс дар амалиёти низомӣ ҳатман пирӯз мешаванд.
Флаг Украины с гербом развевается, когда активисты собираются на площади Лафайет в знак протеста против российского вторжения в Украину в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Барномаи бозсозии Украина 750 миллиард доллар арзёбӣ шуд
Ӯ гуфт, аҳолии Русияро ҷасорату истодагарии сокинони Донбасс мафтун кардааст, ки тайи 8 соли охир бо низоми Киев мубориза мебаранд.
"Инчунин якҷоя бо низомиёни Русия амалиёти озодсозиро анҷом дода истодаанд. Касе шубҳа надорад, ки пирӯзӣ насиби мо хоҳад буд", - изҳор дошт Наришкин.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
"Бешубҳа, пирӯз мешавем": Наришкин дар бораи оқибати амалиёти низомӣ
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0