Патрушев: Амалиёти НАТО амнияти Аврупоро халалдор мекунад

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСекретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Дабири Шӯрои амнияти Русия пайомадҳои тасмими паймон дар бораи душман эълон кардани Русияро арзёбӣ карда, бо натиҷагирӣ аз ин иқдомот Аврупоро ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, аз ташдиди таниш ва ноором шудани амният дар Аврупо ба далели душмани НАТО эълон шудани Маскав ҳушдор дод.
Вай таъкид кард, ки чунин амалҳо хилофи санади бунёдии Русия-НАТО аст. Вай дар ин бора зимни суханронӣ дар Хабаровск дар ҷаласаи таъмини амнияти миллии Федератсияи Русия дар Шарқи Дур изҳор дошт.
"Русияро, ки аз манфиатҳои миллӣ ва соҳибихтиёрии худ дифоъ мекунад, ИМА ва муттаҳидонаш душман эълон кардаанд, ки ин аз ҷумла дар санадҳои қабулшуда дар нишасти НАТО дар Мадрид инъикос ёфтааст", - гуфт Патрушев.
Вай ёдовар шуд, ки Иёлоти Муттаҳида ва пайравони онҳо аз муколамаи созанда бо Русия дар заминаи суботи стратегӣ худдорӣ карданд ва талабҳои Маскав дар бораи кафолати амниятро комилан нодида гирифтанд.
"Инфрасохтори низомии НАТО ба марзҳои мо наздик мешавад, нерӯҳо ва дороиҳои низомӣ сӯи шарқ фаъолона ҷамъ мешаванд. Қарорҳо дар бораи пайвастан ба Паймони Финландия ва Шветсия қабул шуданд. Блоки нави низомии AUKUS таъсис дода шуд", - гуфт котиби Шӯрои Амният.
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Патрушев: ИМА низоъ байни Русия ва Украинаро ба ҳадафҳои худ истифода мебарад
Пештар Патрушев изҳор дошт, ки амалкарди Ғарб ва ҳукумати Киев, ки таҳти контроли он аст, метавонад Украинаро ба парокандагӣ расонад.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки ҳаёти миллионҳо нафар аз амалиёти вижаи Русия дар Украина бастагӣ дорад.
Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия таъкид карда буд, ки Маскав ташаббуси қатъи Санади таъсиси Русия - НАТО-ро накардааст ва он ҳамчунон вуҷуд дорад.
Лентаи хабарҳо
0