Песков овозаҳо дар бораи худдории Ҷинпин аз сафар ба Русияро рад кард

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин на Петербургском международном экономическом форуме. День второй
Президент РФ В. Путин на Петербургском международном экономическом форуме. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Сухангӯи президенти Федератсияи Русия гуфт, ки хабари расонаҳо дар бораи даст кашидани раҳбари Чин аз сафар ба Русия воқеият надорад
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков хабарҳо дар бораи сарпечӣ кардани раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин аз даъвати сафар ба Русияро рад кард, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Ҳақиқат ин аст, ки маҳдудиятҳои муайяни ковидӣ дар Чин идома доранд ва ин комилан муқаррарӣ аст, ба ин бояд бо фаҳмиши дарк муносибат кард. Ҳам Путин ва ҳам Ҷинпин барои боздид аз кишварҳои якдигар даъватнома доранд. Бо мурури сабук кардани маҳдудиятҳо, албатта, ҳама боздидҳо анҷом дода мешаванд”, - шарҳ дод котиби матбуотии президент.
Ҳамин тавр, вай дар бораи хабарҳо дар баъзе нашрияҳо шарҳ дод, ки гӯё раҳбари Чин даъвати Путинро барои омадан ба Русия напазируфтааст ва инро бо пандемияи COVID-19 рабт додааст.
Председатель Китайской Народной Республики (КНР) Си Цзиньпин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Си Ҷинпин: Таҳримҳо мисли "бумеранг" ба кишварҳое, ки ҷорияшон карданд бармегарданд
Сарони ду кишвар пайваста дар шаклҳои гуногун мулоқот мекунанд.
Ҳамин тавр, дар моҳи июн онҳо гуфтугӯҳои телефонӣ анҷом доданд ва инчунин дар нишасти БРИКС тавассути пайванди видеоӣ ширкат карданд.
Моҳи феврал раисиҷумҳури Русия дар ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Пекин ширкат дошт.
Ҷонибдории Си Ҷинпин аз аъмоли Русия барои ҳимояи манофеаш
Тавре сафири Русия Андрей Денисов хабар дод, дар соли 2021 Путин ва Си Ҷинпин, сарфи назар аз пандемия, мунтазам муошират мекарданд, онҳо се занги видеоӣ ва гуфтугӯи телефонӣ ва мубодилаи паёмҳо доштанд.
Лентаи хабарҳо
0