Швейтсария хостори рушди низоми бонкии Тоҷикистон аст

CC0 / Piqsels / Швейцарские франки
Швейцарские франки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои мутараққии Аврупо дар семинарҳои омӯзишӣ ширкат варзида, малакаи худро такмил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тоҷикистон ва Швейтсария дар низоми бонкӣ равобити муросилотӣ барқарор хоҳанд кард.
Чунин тадбирҳо самарабахшии ин соҳаи ду кишварро афзун хоҳанд кард.
Тасмими густариши ҳамкорӣ дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҳоким Холиқзода ва ҳамтои швейтсарии ӯ Томас Ҷордан қабул шудааст.
Яке аз ташаббусҳо табодули таҷриба ва такмили ихтисоси кормандони БМТ мебошад.
Бонки марказии Швейтсария барои онҳо оид ба сиёсати пулию қарзӣ ва асъор ва дигар мавзӯъҳои дахлдор семинарҳои омӯзишӣ ташкил мекунад.
Ҷаласаи аввал дар моҳи ноябри соли 2022 баргузор мешавад.
"Ҷордан изҳори омодагӣ кард, ки ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти суботи низоми бонкӣ ва бахшҳои дигари иқтисоди Тоҷикистонро густариш диҳад", - омадааст дар хабари БМТ.
Илова бар ин, Холиқзода бо мудири иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) Кристалина Георгиева мулоқот кардааст.
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Дар Тоҷикистон пулҳои нав ба муомилот бароварда шуданд - акс
Иштирокчиёни ҷаласа зарурати роҳандозии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ, барқарор кардани намояндагии доимии Хазинаро дар Тоҷикистон, ки дар татбиқи ҳадафҳо нақши ҳамоҳангсоз дорад, изҳор доштанд.
"Раҳбари БМТ омодагии худро барои муколама ва ҳамкориҳои озод баён карда, ҳамчунин хостори баргузории нишастҳои солонаи СБА ва гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) дар соли 2026 дар Тоҷикистон шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Туркия мехоҳад ба бозори бонкии Тоҷикистон ворид шавад
Ёдовар мешавем, ки Холиқзода вохӯриҳои дар боло зикршударо дар чаҳорчӯби иҷлосияҳои солонаи гурӯҳи интихобкунандагони Сандуқи Байналмилалии Пул, ки аз 3 то 6 июл дар шаҳри Бад Рагази Швейтсария баргузор мешавад, баргузор кард.
Лентаи хабарҳо
0