Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Шойгу итминон дод, ки тамоми нақшаҳои амалиёти махсус амалӣ мешаванд

© Пресс-служба Минобороны РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны РФ Сергей Шойгу
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу гуфт, амалиёти вижа дар қаламрави Украина бо иҷроӣ гардидани ҳамаи вазифаҳо анҷом хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Амалиёти вижа дар Украина бо иҷрои комили ҳама вазифа ба анҷом мерасад, гуфт Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар як нишаст дар Маскав.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло авлавият ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии низомиёну аҳолии осоишта дода мешавад.
"Имрӯз барои мо авлавиятҳои асосӣ ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандони зертобеъ, рафъи таҳдид ба амнияти аҳолии осоишта мебошанд. Амалиёти махсуси низомӣ то пурра иҷро шудани вазифаҳои ба миён гузоштаи фармондеҳи олӣ идома хоҳад ёфт", - гуфт Шойгу.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Президент РФ В. Путин провел встречу с министром обороны РФ С. Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Ҳисоботи Шойгу ба Путин аз озодсозии Луганску нобудсозии ҳариф - видео
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.
Лентаи хабарҳо
0