Воридоти мошин ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

© Sputnik Амир ИсаевАвторынок в селе "Чимтеппа"
Авторынок в селе Чимтеппа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон воридоти воситаҳои нақлиёт аз аввали соли 2022 нисбат ба соли 2021 қариб 30% афзоиш ёфтааст, аммо содирот кам гаштааст
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тоҷикистон воридоти мошинҳоро афзоиш додааст. Дар ин бора Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ, дар панҷ моҳи соли 2022 ҳаҷми воридоти воситаҳои нақлиёт беш аз 15,5 миллион долларро ташкил дод.
Ба иттилои манбаъ, афзоиши воридот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 фоизро ташкил додааст.
Тибқи омор, дар бозори дохилӣ ба маблағи беш аз 3,2 миллиард сомонӣ мошин фурӯхта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, аз содироти мошинҳо беш аз 3,2 миллион доллар ба даст оварда шудааст, ки нисбат ба соли 2021 1,6% камтар аст.
Электромобиль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Тоҷикистон воридоти нақлиёти барқиро аз боҷи гумрукӣ озод кард
Маврид ба зикр аст, ки дар кишвар автобусҳои мусофиркашонӣ ва тракторҳо барои хоҷагии қишлоқ васл мешавад.
Тоҷикистон ҳамзамон барои рафъи ҳавои олуда барномаи воридоти мошинҳои барқиро рӯйи даст дорад, ки барои воридкунандагон сабукиҳо, аз ҷумла озод кардан аз боҷи гумрукиро пешкаш мекунад.
Бар асоси ин тағйирот воридоти мошинҳои барқӣ, автобусҳои барқӣ, троллейбусҳо ва мошинҳои шабеҳ ба муддати 10 сол аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0