Барканории Зайниддин Раҳимов ва таъйини сармураббии нави футболбозони навраси Тоҷикистон

© © Sputnik / Марина Чернышова-МельникГлавный тренер сборной Таджикистана Зайнидин Рахимов
Главный тренер сборной Таджикистана Зайнидин Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Зайниддин Раҳимов, мутахассиси шинохтаи риштаи футбол аз мақоми сармураббии дастаи футболбозони то 17-солаи Тоҷикистон истеъфо дод
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Раҳматулло Фузайлов, сармураббии тими миллии футболбозони то 17-солаи Тоҷикистон таъйин карда шуд, хабар дод Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, Фузайлов дар ин мақом Зайниддин Раҳимовро иваз кард, ки тайи солҳои охир ба тарбияи футболбозони навраси тоҷик машғул буд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон таъкид намудаст, ки Раҳимов бо ихтиёри худ аз мақоми сармураббии тими мунтахаби футболбозони то 17-сола истеъфо додааст. Ҳамроҳ бо ӯ ёвараш Сафаралӣ Раҳмонов низ тарки тим кардааст.
Раҳматулло Фузайлов дар гузашта дар тимҳои Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба ҳайси футболбоз ҳунарнамоӣ кардаст.
Бывший защитник сборной Таджикистана Рахматулло Фузайлов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Раҳматулло Фузайлов тарки "Равшан" кард
Дар ҳайати "Нефтчи" -и Фарғона вай ду маротиба дар чемпионати Ӯзбекистон медалҳои нуқра ба даст овард, соҳиби Ҷом гардид. Ғайр аз ин, аз соли 2000, ӯ дар чор клуби Русия - "Шинник Ярославл", "Алания Владикавказ", "Лада Тольятти", "Носта Новотроицк" бозӣ мекард.
Соли 2007 ба Тоҷикистон баргашт ва дар дастаи "ССКА-Помир"-и Душанбе шомил шуд ва аз соли 2008 дар чемпионати Тоҷикистон дар бошгоҳҳои "Энергетик", "Вахш", "Регар-ТадАЗ" пайваст.
Маълум аст, ки Фузайлови 42-сола ба мураббигӣ соли 2016 дар дастаи "ССКА-Помир" шурӯъ намуда, сипас мураббии "Куктош" буд ва баъдан ба тамрини тими "Равшан"-и Зафаробод пардохт. Аз лағви қарордоди Фузайлов бо тими Зафаробод моҳи июни соли равон хабар дода шуд.
Таъйини сармураббии нави тими футболбозони то 17-сола дар ҳолест, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё - 2023 ин даста дар гуруҳи "Н" бозӣ мекунад. Рақибони тими Тоҷикистон дар ин гуруҳ мунтахаби Афғонистон, Тимори шарқӣ ва Муғулистон мебошанд. Бозиҳои гуруҳи мазкур аз 5 то 9 октябр дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0