Дар ИМА мехоҳанд Байденро ба таври ғайриоддӣ сарнагун кунанд

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкЗаявление Джо Байдена по ситуации на Украине
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Обуна шудан
Ҳизби демократии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кайҳо боз як нақшаи тайёр дошт, ки мувофиқи он мехостанд аз сарвари ҳозираи давлат халос шаванд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар Иёлоти Муттаҳида қасд доранд, ки баъд аз интихоботи миёндавраии моҳи ноябр раиси Кохи Сафед Ҷо Байденро ба як "бузғола" табдил диҳанд ва аз ӯ "халос шаванд".
Дар ин бора шореҳи сиёсӣ Томи Ларен дар суҳбат бо телевизиони Sky News изҳор дошт.
Ҳамин тариқ, вай натоиҷи яке аз пурсишҳоро шарҳ дод, ки тибқи он 71% амрикоиҳо намехоҳанд Байденро дар интихобот барои давраи дуввуми президентӣ бубинанд.
"Демократҳо интизоранд, бубинанд, ки дар моҳи ноябр чӣ мешавад. Ва ҳангоме, ки онҳо нобуд мешаванд ва ба ларза медароянд, Ҷо Байденро мепартоянд ва аз ӯ бузғола месозанд", - гуфт Ларен.
Ба гуфтаи вай, ин нақша ҳанӯз қабл аз ба кор омадани раиси ҷумҳури кунунӣ тарҳрезӣ шуда буд.
"Чапгароҳои шадид" бомуваффақият аз Байден лӯхтак сохтанд, қайд кард коршинос.
Байденро дар марги 42 муҳоҷир муттаҳам намуданд
"Онҳо аз ӯ халос мешаванд, чунон, ки ҳамеша дар нақша доштанд", — таъкид мекунад ӯ.
Вай афзуд, ки демократҳо дигар ноиби президенти ИМА Камала Ҳаррисро ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ баррасӣ намекунанд.
Дар соли 2024, губернатори Калифорния Гэвин Нюсом барои курсии президентӣ аз ин ҳизб мубориза хоҳад бурд, хулоса кард Ларен.
Рейтинги Байден якбора паст шуд, вале ҳоло ба ҳадди Трамп нарасидааст
Ёдовар мешавем, ки рейтинги Байден ба ҳадди рекордӣ расидааст. Ҳоло ҳамагӣ 33-41% амрикоиҳо ба ӯ эътимод доранд.
Ин бадтарин натиҷаҳо дар муқоиса бо ҳамаи пешгузаштагони Байден дар давраи президентӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0