Соҳаи кишоварзӣ ба буҷаи Панҷакент миллионҳо сомонӣ ворид кард

© Sputnik / Амир ИсаевЗнак на въезде в город Пенджикент
Знак на въезде в город Пенджикент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар давоми панҷ моҳи соли равон ҳаҷми даромад аз маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар шаҳри Панҷакент 64 миллиону 222 сомониро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Соҳаи кишоварзӣ ба мақомоти шаҳри Панҷакент миллионҳо сомонӣ даромад овард.
Ҳамин тавр давоми 5 моҳи соли равон ҳаҷми даромад аз маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар шаҳри Панҷакент 64 миллиону 222 сомониро ташкил дод.
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 450 ҳазор сомонӣ зиёдтар мебошад.
Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 2,2 миллион сомонӣ, ки иҷроиш 101,9% ва чорводорӣ 62,2 миллион сомонӣ 100,7%-ро ташкил медиҳад, ки аз нақша 413,6 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Дар ин бора зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони шҳари Панҷакент гузориш дода шуд.
Раҷҷабой Аҳмадзода - раиси вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷаи шаҳри Панҷакент
Ҳамчунин, дар панҷ моҳи соли равон нақшаи буҷаи давлатии Панҷакент (бе назардошти андози иҷтимоӣ) 108,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷа 270 миллиону 226,4 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.
Иҷрои нақшаи даромади буҷаи маҳаллӣ 107,3 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 80 миллиону 58,3 ҳазор сомонии нақша, 85 миллиону 870,9 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақша 5 миллиону 812,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷа дар Тоҷикистон
Тибқи иттилои раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар панҷ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Панҷакент ба 2 миллиарду 181 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 103,3 фоизро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0