Минск зери об шуд. Боронҳои шадид дар Беларус – видео

Обуна шудан
Обуҳавошиносони Беларус ахиран сокинони пойтахтро аз бад шудани вазъи обуҳаво хабардор карда буданд. Видеои боронҳои шадиди деринтизор дар Минск
Дар пойтахти Беларус баъд аз нисфирӯзӣ борони шадид бориду шамоли сахт сурат гирифт. То ҳол оқибатҳои ҷиддие ба назар нарасидааст, аммо обуҳавошиносон ҳушдор додаанд, ки раъду барқ ва боронгариҳои шадид ​​дар пешанд.
Идомаи чангу ғубор ва хатари селфароӣ дар ВМКБ: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон
Дар сурати бад будани обу ҳаво сокинони Минск метавонанд бо жолаву боронҳои шадид рӯ ба рӯ шаванд, ки пас аз рӯзҳои гарми пешина касеро шод нахоҳад кард.
Тасаввур кардан мумкин аст, ки дар ин сурат аҳволи киштзорҳои атрофи пойтахти Белоруссия чӣ мешавад, зеро шамоли сахт, раъду барк, жола ва борон барои зироат ҳам зарари ҷиддӣ мерасонад.
Боришоти қаблӣ дар охири ҳафта боиси обхезии шадиди шуда буд ва мақомоти шаҳрро маҷбур кард, ки ҷадвали ҳаракати нақлиёти ҷамъиятиро тағйир диҳад.
Лентаи хабарҳо
0