Даъвати муфтӣ аз намозгузорон барои дуо ба хотири пирӯзии артиши Русия дар Украина

Рушан Аббясов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Муовини раиси Раёсати рӯҳониёни Русия гуфт, мусалмонон дар Иди Қурбон барои сулҳу пирӯзӣ дар амалиёти вижа дар Украина дуо мекунанд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Равшан Аббясов, муовини раиси Раёсати руҳониёни Русия ва Шӯрои муфтиёти Русия гуфт, ки мусулмонон дар рӯзҳои Иди Қурбон ва Ҳаҷ барои сулҳу оромӣ, инчунин барои сиҳату саломат баргаштани муҳофизони Ватан ба хона ва иҷрои ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ дар Украина дуо хоҳанд кард.
"Аллоҳ ҳама дуоҳо ва ҳаҷҷи ҳамаи ҳоҷиёни Русияро қабул гардонад, то онҳо сиҳату саломат баргарданду тамоми фаризаҳои ҳаҷро ба ҷо биёранд, ҳамчунин дар кишвари мо сулҳ, ваҳдат пойдор бошаду ҳамаи ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ амалӣ шаванд. Ҳамчунин хостори онем, ки ҳама ба Ватан, ба назди хонаводаашон сиҳату саломат баргарданд. Ба ҳамин хотир дар рӯз ид мо барои сулҳу оромӣ, ризоят ва шукуфоӣ дуо мекунем”, - гуфт ӯ дар ҷараёни конфронси видеоӣ миёни Маскаву Макка дар маркази байналмилалии чандрасонаии "Россия сегодня".
Бараны, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Эълони санаи дақиқи Иди Қурбон дар Тоҷикистон
Ҳаҷи мусалмонон ба Макка, аз 7 то 12 июли соли ҷорӣ баргузор мешавад. Бар асоси тасмими мақомоти Арабистони Саудӣ, фаризаи ҳаҷро афроди на бештар аз 65-сола анҷом дода метавонанд.
Аз январи соли 2022 Арабистони Саудӣ моякӯбӣ шудан бо ваксинаи сохти Русия “Sputnik V”-ро эътироф кардааст, ки ҳоҷиён бояд бо он моякӯбӣ шуда бошанд ва бо худ бояд варақаи ПСР-тестӣ манфӣ дошта бошанд.
Иди Қурбон яке аз ду иди мусалмонон, ки ҳар сол рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа таҷлил мешавад.
Санаи ҷашн ҳамасола тағйир меёбад, имсол Иди Қурбон 9 июл оғоз мешавад.
Лентаи хабарҳо
0