Муҳоҷирон ба тибби ройгон дар Русия дастрасӣ пайдо мекунанд: тафсилот

Мигранты на медобследовании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар солҳои наздик коргарони хориҷӣ дар Русия метавонанд аз хадамоти тиббии ройгон дар асоси бимаи тиббии ҳатмӣ дар баробари русиягиҳо бархӯрдор бошанд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Думаи давлатии Русия Қонун дар бораи фонди ягонаи иҷтимоиро қабул кард, ки тарифҳои ягонаи пардохтҳои суғуртавӣ барои нафақаи ҳатмӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва тиббиро фаро мегирад.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ зимни шарҳи қонун изҳор дошт, ки аз соли 2023 тарифҳои ягона муқаррар карда мешаванд.
Таъкид шудааст, ки ин қонун нисбати муҳоҷирони корӣ низ татбиқ хоҳад шуд. Ҳамин тариқ, коргарони хориҷӣ дар Русия метавонанд дар чаҳорчӯби бимаи тиббии ҳатмӣ дар баробари русияҳо аз хидматҳои тиббӣ ройгон истифода баранд.
Дар зимн Ярослав Нилов, раиси кумитаи соҳавии парлумони Русия оид ба сиёсати иҷтимоӣ, тавзеҳ дод, ки “туризми тиббӣ” вуҷуд нахоҳад дошт.
Рабочие на строящемся объекте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2022
Санҷиши қонунӣ будани ҳузури муҳоҷирон дар Русия
Вай афзуд, муҳоҷирон танҳо се сол пас аз пардохти ҳаққи бима аз корфармоёнашон ба таври умумӣ муолиҷа хоҳанд шуд. Ва то он лаҳза танҳо ёрии таъҷилии тиббӣ ба хориҷиёни коргар ройгон дастрас хоҳад буд.
Инчунин, бар асоси қонуни мазкур аҳолӣ ҳаққи бештар ба рухсатӣ барои табобат хоҳанд дошт.
Шахсоне, ки аз рӯи шартномаи ҳуқуқӣ - шаҳрвандӣ кор мекунанд, метавонанд барои рухсатӣ дар робита ба вазъи саломатӣ муроҷиат кунанд. Аз ҷумла барои ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини кӯдак то 1,5 сол маблағ мегиранд.
Зикр шудааст, ки ислоҳоти зикршудаи иҷтимоӣ дар доираи тарҳи таъсиси Хазинаи иҷтимоӣ дар Русия сурат мегирад. Ҳадафи он эҷоди як платформаи рақамӣ мебошад, ки тамоми системаҳои иттилоотии дар соҳаи иҷтимоӣ мавҷудбударо муттаҳид мекунаду барои беҳбуди кор дар ин самт мусоидат менамояд.
Лентаи хабарҳо
0