Роҳбари толибон: Бо Амрико ва тамоми ҷаҳон хостори муносибати “қавӣ ва нек” ҳастем

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Обуна шудан
Роҳбари толибон дар паёмаш ба муносибати Иди саиди Қурбон гуфта, ки бо шумули ИМА бо тамоми кишварҳои ҷаҳон хостори таомули дипломатик ҳастанд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ҳибатуллоҳ Охундзода, роҳбари толибон дар паёме ба муносибати Иди Қурбон гуфтааст, ки ин гурӯҳ дар чаҳорчуби таъомул ва тааҳҳудоти мутақобил ба дунболи муносиботи диплумотик "ҳасана ва қавӣ" бо тамоми ҷаҳон ба шумули Амрико аст.
Ӯ дар ин паём ки ахиран мунташир шуд, гуфтааст, толибон ба кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон итминон медиҳанд, ба ҳеҷ касе иҷоза нахоҳад дод то бо истифода аз хоки Афғонистон алайҳи ҳамсоя кишварҳояш хатар эъҷод кунад.
Ин итминони раҳбари толибон дар ҳолеаст, ки асри дирӯз аз шаҳраки марзии Ҳайратон дар шимоли Афғонистон, чаҳор фарванд ракет ба хоки Ӯзбекистон шилик шуд.
Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон гуфтааст, ки бар асари исобати ин ракетҳо, чаҳор хонаи маскунӣ дар шаҳри Тирмизи ин кишвари осеби ҷузъӣ дидааст.
Заместитель министра иностранных дел Афганистана Аббас Станакзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Станакзай: Эрониҳо дӯсту бародари миллати Афғонистон ҳастанд
Мақомҳои толибони пеш аз ин ҳам борҳо дар бораи адами истифодаи хоки Афғонистони алайҳи соири кишварҳо итминон додаанд; аммо шуморе аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳамчунон дар ин замина нигаронӣ доранд.
Раҳбари толибон дар паёми идонаи худ бо таъкид бар адами мудохилаи кишварҳо дар умури Афғонистон, гуфтааст ки ин гурӯҳ бо тамоми ҷаҳон ба шумули Амрико дар чаҳорчуби таъомул ва тааҳҳудоти мутақобил хоҳони роҳандозии муносиботи дипломатик, иқтисодӣ, сиёсии "ҳасана ва қавӣ" аст ва онро ба хайри тамом ҷаҳон медонад.
Раҳбари толибон дар паёми идонааш ҳеҷ ишорае ба азсаргирии макотиб духтарона накардааст.
Раҳбари толибони иброз умедворӣ кардааст, ки мардуми Афғонистони ҳимояташанро аз ин гурӯҳ эълом кунанд.
Лентаи хабарҳо
0