Русия 2 HIMARS-и амрикоиро дар Донетск нобуд кард

© Ricardo Hernandez-Arocho / Public DomainАмериканская система залпового огня HIMARS, которая осуществляет пуски ракет Precision Strike Missile
Американская система залпового огня HIMARS, которая осуществляет пуски ракет Precision Strike Missile - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Обуна шудан
Нерӯҳои Русия дар ҳудуди Ҷумҳурии Халқии Донетск маҷмааи реактивии маъруф ба HIMARS-и амрикоиро бо захоири аслиҳааш нобуд кардаанд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ду дастгоҳи партоби мушакии навъи HIMARS-и амрикоӣ дар Донетск нобуд карда шуданд, хабар дод Вазорати мудофиаи Русия.
Ба иттилои манбаъ, дар маҳалли истиқоматии Малотарановкаи ҷумҳурии Донетск, мушакҳои дақиқияташон баланди Русия ду дастгоҳи партоби мушакии амрикоиро ҳадаф қарор доданд.
Таъкид шудааст, ки якҷоя бо ин маҷмааҳои низомӣ ҳамчунин ду анбори аслиҳаи низомӣ низ вайрон карда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки пештар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз интиқоли системаҳои мушакии чандкаратаи HIMARS ба Украина эълон карда буд, ба шарте ки онҳо барои зарба задан ба қаламрави Федератсияи Русия истифода нашаванд.
ВСУ нанесли удары по мирным кварталам Донецка: есть погибшие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Мушакпартоии артиши Украина ба минтақаҳои аҳолинишини Донетск – видео
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ошкоро тасдиқ кард, ки Киев ин талаботро риоя хоҳад кард, аммо бархе мақомдорони дигар эҳтимоли аҳдшикании Киевро низ аз воқеият дур намедонанд.
Вазорати умури хориҷии Русия низ таъкид намуд, ки интиқоли силоҳ ба Украина танҳо даргириҳои низомиро тӯл медиҳад, аммо ба бароварда шудани ҳадафҳои гузошташудаи амалиёт таъсире нахоҳад дошт.
ВУХ Русия гуфт, кашидани силоҳ ба Украина хилофи уҳдадориҳои Иттиҳоди Аврупо аст, ки онро ба нуқтаҳои муноқиша ё ба ҷойҳое интиқол додан мумкин нест, ки онҳо бар зидди мардуми осоишта истифода мешаванд.
Дар зимн мақомоти Русия борҳо таъкид намуданд, ки силоҳҳои интиқолии ғарбиро ба Украина ҳадафи қонунии зарбаҳои худ медонад.
Лентаи хабарҳо
0