Чаро содироти таслиҳоти Русия таҳти тасаллути ҳавонавардӣ аст?

© Sputnik / Ilya Pitalev / Гузариш ба медиабонкСтрой "кубинский бриллиант" из истребителей МиГ-29 и Су-30СМ пилотажных групп "Русские витязи" и "Стрижи" на репетиции воздушной части парада в честь 77-й годовщины Победы
Строй кубинский бриллиант из истребителей МиГ-29 и Су-30СМ пилотажных групп Русские витязи и Стрижи на репетиции воздушной части парада в честь 77-й годовщины Победы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Обуна шудан
Ҷангандаҳои пешрафтаи сохти Русия маъмулан аз ҷиҳати асарбахшии ҷангӣ, сифат ва нарх беҳтарин дар бозори ҷаҳонӣ ҳисобида мешаванд
Раиси ширкати "Рособоронэкспорт" Александр Михеев рӯзи 4 июл гуфт, ҳиссаи интиқоли ҳавопаймоҳо дар ҳаҷми умумии содироти аслиҳаи Русия беш аз 50 дарсадро ташкил медиҳад.
Тайи ду даҳсолаи ахир ҳудуди 700 ҳавопаймои ҷангии “Су-27”/”Су-30” ба хориҷа фурӯхта шуда, дар соли 2021 дафтари фармоишҳои ширкат бо қарордодҳои нави таҳвили “Су-30СМ” пур шуд.
Харидорон ният доранд, ки қувваҳои ҳарбии ҳавоии миллияшонро барои муҳофизати истиқлоли давлатҳояшон мустаҳкам кунанд.
Муҳаррикҳо, васоили ҳамлу нақли ҳавоӣ, силоҳҳо, системаҳои ҳавопаймоҳои ҷангии истеҳсоли танҳо Русия баҳои баланд доранд, эътимоднокии таъминот ва уҳдадориҳои кафолати Федератсияи Русия бо мурури замон санҷида шудааст.
Қудрати мофавқуссадои "Сухой" мазияти ҷиддӣ дар набардҳои ҳавоии наздик дорад ва боис мешавад, ҳамалоти мушакии душман хунсо шавад.
Амалҳои муваффақи зарбазании нерӯҳои ҳавоии Русия дар Сурия ва Украина талабот ба ҳавопаймоҳои ҷангии “Су-30СМ”, “Су-34”, “Су-35” дар бозори ҷаҳониро афзоиш медиҳад. Бартарии ҳавоӣ яке аз омилҳои асосии пирӯзӣ дар ҳама гуна муноқишаи низомӣ мебошад.
Манёврҳои “Сухой” дар ҷанги наздики ҳавоӣ бартарии ҷиддӣ дорад ва имкон медиҳад, ки ҳамлаҳои мушакии душман пешгирӣ шавад.
Силоҳҳои пуриқтидори мушакӣ, идоранашаванда ва туфанги 30-миллиметрии ин ҳавопаймо бартарии ҷангии онро кафолат медиҳанд. Мухторияти пойгоҳ ва имконияти пур кардани сӯзишворӣ дар ҳаво фазои амалиётиро васеъ мекунад.
Бо афзоиши таҳдидҳои низомӣ мубориза дар бозори ҷаҳонии аслиҳа шиддат мегирад. Хариди ҷангандаҳои русӣ ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии чандинсолаи байни операторони хориҷӣ ва Русияро дар назар дорад.
Тадқиқоти моҳи июнии Конгресс нишон медиҳад, Амрико Мисрро ба харидории F-35-и нимаомода маҷбур мекунад, то Қоҳира аз харидани ҷангандаҳои пешрафтаи “Су-35”-и Русия даст кашад.
Зимние виды Калининграда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Калининград – ханҷаре дар миёни шонаҳои НАТО
Дар ин ҷо ассотсиатсияҳое бо Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Арабии қаблан фиребхӯрда ба вуҷуд меояд, дар ҳоле ки амрикоиҳо бинобар дастёбии ин кишварҳо ба харидории S-400 ва инфрасохтори “Huawei” дар шабакаи миллияшон фурӯши F-35-ро ба онҳо мамнуъ карда буданд.
Маълум аст, ки "радаргурез"-ҳои америкоӣ суст парвоз мекунанд ва ба ИМА маълумоти махфӣ мефиристанд. Иттифоқчиён ва шарикони америкоиҳо аксари вақт маҷбур мешаванд, ки яроқи куҳнашудаи тавлиди ИМА-ро харидорӣ кунанд, зеро ин аз "қоида"-ҳои Вашингтон мебошад.

Бартариҳои “Сухой”

“Су-27”, “Су-30”, “Су-35”-ҳои Русия дар ибтидои асри 21 маъмултарин дар ҷаҳон буданд ва фазои ҳавоии Ангола, Беларус, Венесуэла, Ветнам, Ҳиндустон, Индонезия, Қазоқистон, Чин, Малайзия ва Угандаро муҳофизат мекунанд.
Эътироф кардани қобилиятҳои барҷастаи ҷангии ҳавопаймоҳои Русия, талаботи зиёд дар бозори ҷаҳонӣ аз бартарии стратегии мактаби конструкторӣ (илмӣ) ва самаранокии комплекси ҳарбӣ-саноатии Федератсияи Русия шаҳодат медиҳад.
Ҳавопаймои фавқуманеврпазири 4++-и насли “Су-30СМ” қодир аст, ки аз силоҳҳои муосири мушакии дақиқзани ҳаво ба ҳаво ва ҳаво ба замин дар шабу рӯз “истиқбол” намояд.
Муҳофизати “Су-30СМ” ба пахш кардани пойгоҳҳои радарии душман бо системаи пуриқтидори ҷанги электронии ҳавоӣ асос ёфтааст.
Ҳавопаймои чандманзураи “Су-35” беҳтарин ҳавопаймои тактикӣ дар ҷаҳон аст, ки дар ҳаво чизе ба он баробар шуда наметавонад. Он барои боздошт ва нобуд кардани ҳама ҳадафҳои ҳавоӣ, нест кардани ҳадафҳои заминии душман, ки бо системаҳои дифои ҳавоӣ фаро гирифта шудаанд, пешбинӣ шудааст.
Береговой ракетный комплекс Бастион, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Системаҳои мушакии соҳилии "Бал" ва "Бастион" бар зидди "Harpoon", "Exocet" ва NSM
Ҳавопаймои насли 4++ дорои қобилияти олӣ, воситаҳои фаъол ва ғайрифаъол барои муайян кардани ҳадаф, суръати баланд, радиуси назарраси ҷангӣ, системаи муосири ҷанги электронӣ ва доираи васеи аслиҳа (сарбории ҷангӣ - 8 тонна) мебошад.
Технологияҳои пинҳонӣ дар тарҳрезии ҷангандаи “Су-35” татбиқ карда мешаванд. Самаранокии истифодаи ҷангии “Су-35” тавассути системаи муттаҳидшудаи иттилоотӣ ва идоракунии дастгирии зеҳнии халабон таъмин карда мешаванд.
Тибқи як назария, теъдоди қобили мулоҳизаи мушакҳои болдори амрикоии “Tomahawk” рӯзи 7 апрели соли 2017 ба ҳадафи худ дар Сурия нарасидаанд, зеро онҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои “Су-35S” ё “Су-30СМ” Русия зада шуданд.
Ҳавопаймои ҷангии “Су-34” аз ҷиҳати қобилияти ҷангӣ ба насли 4+ тааллуқ дорад. Он қодир аст, ки ба ҳадафҳои заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоӣ дар шароити муқовимат ба оташ, дар ҳама минтақаи сайёра бо истифода аз доираи васеи лавозимоти ҷангӣ зарба занад.
Эҳтимол ҳавопаймои мавриди интизор дар бозори ҷаҳонии ҳавонавардӣ ҳавопаймои насли панҷуми “Су-57” бошад. Ин ҳавопаймо аз мутахассисони хориҷӣ баҳои баланд гирифт.
Пас аз оғози тавлиди силсилаӣ “Су-57” вориди Нерӯҳои кайҳонии Русиява дар як амалиёти махсуси низомӣ дар Украина дар баробари ҷангандаҳои “Су-30СМ” ва “Су-35” истифода мешавад.
Международный военно-технический форум Армия-2019 в регионах России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Шеваи кори “Красуха-4С” дар Украина
Давлатҳои сохибихтиёр ба ҳамкории баробарҳуқуқ ва фоидабахши ҳарбию техникӣ бо Русия манфиатдор мебошанд. Яке аз харидорони машҳури хориҷии “Сухой” Ҳинд мебошад.
Дар ин кишвар барномаи тавлиди ҷангандаҳои “Су-30МКИ”, ки асоси нерӯҳои ҳавоии ин кишварро ташкил медиҳанд, иҷроӣ шудааст. Ҳинд ҳар сол аз Русия ба маблағи тақрибан 5 миллиард доллар силоҳ мехарад.
Ҳамкориҳои тӯлонии ҳарбӣ-техникии Русия ва Ҳиндустон барои бисёр кишварҳо намуна шудааст. Иттифоқчиён ва дастнишондаҳои Иёлоти Муттаҳида дар рушди ҳавонавардии ҷангӣ дастоварде нахоҳанд дошт.
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0