Маълум шуд, ки тоҷикистониҳо чӣ миқдор қарз гирифтаанд

CC0 / pxhere / Банковская карта
Банковская карта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Танзимгари асосии молиявии Тоҷикистон маълум кард, ки қарзҳои истеъмолӣ ба аҳолӣ бештар барои рушди бахши соҳаи кишоварзӣ дода шудаанд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон бонкҳо нисбат ба як соли пеш камтар қарз додаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, ки дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ қарзи истеъмолӣ беш аз 4,4 миллиард сомониро ташкил додааст.
Ин рақам нисбат ба як соли қабл 0,3% камтар мебошад.
Ба иттилои БМТ, фоизи миёнаи қарзҳо бо сомонӣ 23,9 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,7 фоизро ташкил додааст.
Дар баробари ин бештари қарзҳои истеъмолӣ барои рушди бахши кишоварзӣ, саноат ва савдои хориҷӣ дода шудаанд.
"Барои рушди бахши кишоварзӣ 879,3 миллион сомонӣ ҷудо шудааст", - омадааст дар гузориш.
33,4% маблағи умумии қарзҳои ҷудошуда, ё худ зиёда аз 1,4 миллиард сомонӣ барои истеъмол (қарзҳои истеъмолӣ) дода шудааст.
"Саноатсодиротбонк" дар 2 сол чӣ қадар қарз дод?
Ҳамчунин зикр мегардад, ки қарзҳои аз ҳама камтар барои нақлиёт ҷудогардида ба ин соҳа 35,3 миллион сомонӣ ё 0,8% аз ҳаҷми умумии маблағҳои додашуда ворид шудааст.
Қобили зикр аст, ки "Амонатбонк" аз соли ҷорӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, саноат, сохтмон, савдо ва дигар соҳаҳо қарзҳои имтиёзнок ҷудо мекунад.
Ипотека дар Тоҷикистон: хонадор мешавӣ ё хонасалот?
Қарзҳои имтиёзнок инчунин ба гирифтани манзил, сохтмон, васеъ кардани майдони истиқоматӣ дахл доранд.
Лентаи хабарҳо
0