Володин гуфт, дар пандемияи коронавирус кӣ даст дорад

© Пресс-служба Госдумы РФ / Гузаштан ба хазинаи аксПредседатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси Думаи давлатӣ бар ин назар аст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико уҳдадор аст, то хисороти ҳамаи кишварҳоеро, ки аз пандемия зарар диданд, ҷуброн кунад
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида бояд хисороти кишварҳоеро, ки аз пандемияи COVID-19 зарар дидаанд, ҷуброн кунад, зеро дар паҳншавии ин вирус маҳз Амрико гунаҳкор аст. Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин Telegram- канали худ навиштааст.
Вай муътақид аст, ки мақомоти Амрико бояд барои ҳама беморону қурбониён ва ҳамчунин бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва поин рафтани сатҳи зиндагии мардум ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
"Ба ҳама давлатҳое, ки аз пандемия зарар дидаанд, Иёлоти Муттаҳида вазифадор аст, ки талафоти расонидашударо ҷуброн кунад", - навиштааст ӯ.
Дипломат ёдовар шуд, ки қаблан олими амрикоӣ Ҷеффри Сакс зикр намуда буд, ки вируси СOVID-19 дар озмоишгоҳҳои биотехнологии Амрико пас аз омӯзиши пуршиддати дусола эҷод шудааст.
Коронавирус - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2022
Дар Аврупо якбора шумори гирифторон ба коронавирус афзоиш ёфт
"Ҳоло, ки ин гуна иттиҳомҳо шунида мешаванд, Байден хомӯш аст. Вай метарсад, ки ҷаҳон ҳақиқатро дар бораи гунаҳкори аслии пандемия фаҳмад", - таъкид кард Володин.
Раиси Думаи Давлатӣ ҳамчунин бар ин назар аст, ки фаъолияти ҳамкаи лабораторияҳои биологӣ- низомии Амрико, ки дар саросари ҷаҳон мавҷуданд, боздошта шавад.
Лентаи хабарҳо
0