Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Володин ба вакилон тавсия дод, ки ба Донбасс раванд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксПредседатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси Думаи давлатии Русия ба вакилон тавсия дод, ки дар тобистон ба Ҷумҳурии Мардумии Донетск ва Ҷумҳурии Мардумии Луганск сафар корӣ анҷом диҳанд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин пешниҳод кард, ки вакилони Думаи давлатӣ ба Донбасс барои сафари хидматӣ рафта, бо ҳамкасбонашон масъалаҳои кумак ба Донбасс ва ташаккули заминаи қонуниро баррасӣ кунанд.
Ин пешниҳодро раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбе ироа кард.
"Шумо комилан оромона метавонед як сафари хидматӣ карда, бидуни боздид аз толори Думаи давлатӣ, ки дар он қонунҳо қабул ва муҳокима карда мешаванд, ба ҶМД ва ҶМЛ равед. Ва дар якҷоягӣ бо ҳамкасбон, масъалаҳои марбут ба расонидани кумак ба Донбасс, ҳалли мушкилоти мардум, инчунин ташаккули заминаи ҳуқуқӣ, ки мо дар ҷараёни сафарҳои ахир бо онҳо баррасӣ кардем, муҳокима намоед”, гуфт ӯ дар ҷаласа.
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Володин: Амалҳои Киев Русияро маҷбур мекунад, ки амалиёти вижаро идома диҳад
Ӯ қайд кард, ки таътили тобистонаро метавон дар ин шакл гузаронид.
"Биёед, ин корро кунем ва тобистон танҳо барои ҳама як фурсат аст, ки ин масъаларо ҳал кунад. Гузашта аз ин, бисёриҳо бо дастгирии онҳое, ки дар ҶМД ва ҶМЛ зиндагӣ мекунанд, интихоб шуданд. Инҳо интихобкунандагони мо ҳастанд", - гуфт ӯ.
Володин ба украиниҳо маслиҳат дод, ки китобҳои дарсии русиро напартоянд
Ба гуфти Володин, он ҷо беш аз як миллион шаҳрванди Федератсияи Русия ба сар мебаранд ва ин кор иҷрои уҳдадориҳои вакилон хоҳад буд.
.Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.
Лентаи хабарҳо
0