Баъд аз 26 соли зиндагӣ дар хобгоҳ омӯзгор соҳиби хона шуд

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонТабассум Тағоева, профессори кафедраи назария ва типологияи забони англисии Донишгоҳи Давлатии Бохтар
Табассум Тағоева, профессори кафедраи назария ва типологияи забони англисии Донишгоҳи Давлатии Бохтар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Профессори кафедраи назария ва типологияи забони англисии ДДБ ба номи Носири Хусрав баъд аз 26 соли зиндагӣ дар хобгоҳ соҳиби хона шудааст
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Бо пешниҳод ва дастгирии Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон Табассум Тағоева, профессори кафедраи назария ва типологияи забони англисии Донишгоҳи Давлатии Бохтар, ки 26 сол дар хобгоҳи донишҷӯён зиндагӣ мекард, соҳибӣ хона шудааст, иттилоъ додааст дарфтаи матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.
Ба иттилии манбаъ, ба ин омӯзгори барҷаста дар кӯчаи ”Дӯстии халқҳо”-и шаҳри Бохтар хонаи 3-ҳуҷрагӣ дода шудааст.
Таъкид карда шудааст, ки замони ҳам таҳсил ва ҳам зиндагӣ дар хобгоҳи донишгоҳ Табассум зиндагии сахтеро паси сар мекард.
Табассум Тағоева, профессори факултаи забони англисии донишгоҳ, ки ягона профессорзан дар донишгоҳ мебошад, акнун ба орзуи чандинсолааш расид.
Ключи от дома - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Раиси Суғд ба 2 оилаи ниёзманд хона дод
Ёдрас мешавем, ки дар ин авохир Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ якбора ба 20-оилаи камбизоат хона туҳфа кардааст.
Ин соҳибкори тоҷик қабл аз сафараш ба ҳаҷ ба 20 оила дар тарабхонаи машҳури “CZN Burak” зиёфат дода, дар ҳамин маросим калидҳои хонаҳои навро ба дасташон супурдааст.
Ҳамзамон Раҳими Ғармӣ ду ҳунарманди машҳури тоҷик-Бахтиёр Раҳимов ва Гулбаҳор Ғаффроваро, ки қариб 30 сол боз ранҷи бехонагӣ мекашиданд, соҳиби манзил гардонида буд.
Лентаи хабарҳо
0