Барномаи ҷаҳонии ғизо: Беш аз 828 миллион гурусна дар ҷаҳон вуҷуд дорад

© Sputnik / Дмитрий Макеев / Гузаштан ба хазинаи аксПроизводство хлебобулочных изделий в Крыму
Производство хлебобулочных изделий в Крыму - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мудири иҷроии Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ муътақид аст, ки дар ҷаҳон дар ҳоли ҳозир беш аз 828 миллион нафар ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Дар гузориши созмони милал, ки ахиран мунташир шуд омадааст, теъдоди афроде ки бо гуруснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд дар ҷаҳон дар соли 2021 ба 828 миллион нафар расидааст.
Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки шумори гуруснагон ҳудуди 46 миллион бештар аз соли 2020 ва 150 миллион бештар аз қабл аз шурӯи ҳамагирӣ вируси корона аст.
Дэвид Бизлӣ, мудири иҷроии барномаи ҷаҳонии ғизои СММ дар ин гузориш хотирнишон кардааст: "дар ибтидои соли 2022 мо бо туфони комил рӯ ба рӯ будем, ки таъсири даргириҳо, тағйироти обу ҳаво, ковид ва таварруми ҷаҳониро таркиб мекард.
Вақте фикр кардем, ки аз ин бадтар намешавад ( мо утопияи Афғонистонро доштем) ҳаводиси Украина иттифоқ афтод. Таъсири ин даргирӣ бар амнияти ғизоии ҷаҳон ба ин маънӣ аст, ки теъдоди афроди даргири гуруснагии музмин дар ҷаҳон эҳтимолан бештар аз 828 миллион гузоришшуда шавад.
Пшеничное поле в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Гуруснагӣ намешавад. Русия ба миқдори рекордӣ гандум ҷамъоварӣ карданист
Ба гуфта вай, афзоиши қимати ҷаҳонии маводи ғизоӣ, сӯхту кӯд "метавонад кишварҳоро ба қаҳтӣ бикашанд".
“Натиҷаи ин раванд бесуботии ҷаҳонӣ, қаҳтӣ ва муҳоҷирати густарда дар миқёс бесобиқа хоҳад буд", - афзуд вай.
Бизлӣ хостори як "тасмим сиёсӣ аст, ки иҷоза медиҳад ғалаҳои Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ арза шавад ва "бандарҳои ин кишвар боз шаванд. Дар айни ҳол, мудири иҷроии барномаи ҷаҳонии ғизо ба лузуми бозгардондани ғаллаҳо ва кӯдҳои Русия ба бозорҳои ҷаҳонӣ ишорае накард.
Созмони милал борҳо таҳдиди буҳрони ғизоӣ ба далели камбуди ғалларо эълом кардааст. Ғарб Рӯсияро ба мухолифат бо арзаи ғаллаи Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ муттаҳам мекунад аммо Маскав қотеъона чунин иттиҳомотро рад кардааст.
Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Идомаи фақру гуруснагӣ дар Афғонистон: ёриҳои башардӯстона кумак накард
Ҳамчунин мақомоти Киев худ мавонеъи бисёре барои содироти ғалла эҷод кардаанд. Илова бар оташсӯзии ғалла дар бандари Мариупол, неруҳои украинӣ дар дарёии сиёҳи минагузорӣ кардаанд, ки иҷоза намедиҳад ғалларо бо киштҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ мунтақил шавад.
Владимири Путин, раисҷумҳури Русия эълом кард, ки ҳеҷ мушкиле дар содироти ғалла аз Украина вуҷуд надорад ва Русия дар ин амр дахолате надорад. Ӯ гуфт, ки агар Украина бандарҳоро аз мина пок кунад, киштиҳои ҳомили ғалла бидӯни ҳеҷ мушкилие метавонанд онҷоро тарк кунанд.
Лентаи хабарҳо
0