Дар Душанбе 30 ҷой барои забҳи чорво дар Иди Қурбон ташкил шудааст

© Sputnik Амир ИсаевИди Курбон в Душанбе
Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Рӯйхати ҷойҳои муайяншудаи муваққатӣ барои забҳи чорво дар остонаи Иди Қурбон дар шаҳри Душанбе маълум шуд. Ин ид дар кишвар рӯзи 9 июл ҷашн гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар остонаи Иди Қурбон дар шаҳри Душанбе муваққатан барои забҳи чорво кушторгоҳҳои вижа ташкил карда мешавад.
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе, дар чор ноҳияи пойтахт ҷойҳои махсуси забҳи чорво ташкил карда шудааст.
Бар тибқи рӯйхате, ки дастраси Sputnik Тоҷикистон гардидааст, аз ҳама беш кушторгоҳҳо дар ноҳияи Сино ташкил шудааст. Сокинони ин ноҳия дар Иди Қурбон имкон доранд дар 20 ҷой гӯсфанд қурбонӣ кунанд.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Фирдавсӣ панҷ ҷой, аз кӯчаи Қаҳҳоров то маҳаллаи Қаротегин кушторгоҳҳо ташкил карда шудаанд.
Бараны, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Эълони санаи дақиқи Иди Қурбон дар Тоҷикистон
Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳашт ҷои вижа аз маҳаллаи Бадахшон-2 то маҳаллаҳои Яккатут ва Чилмеҳроб барои сокинон омода шудааст.
Сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ имкон доранд чорворо дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар назди Маркази гармидиҳӣ-2 қурбон кунанд.
Ёдовар мешавем, ки имсол Иди Қурбон ба 9 июл рост омад. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.
Намози ид дар кулли масоҷиди кишвар соати 06:00 дақиқаи ба вақти Душанбе доир мешавад.
Дар робита ба иди мазкур тоҷикистон се рӯзи истироҳатӣ доранд. зеро санаи ид ба рӯзи шанбе рост меояд ва тибқи қавонини кишвар рӯзи баъдии корӣ истироҳатӣ эълон мешавад.
Лентаи хабарҳо
0