Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Ҳавопаймо аз Маскав ба Хуҷанд ҳангоми парвоз ба паранда бархӯрд: тафсилот

© Sputnik / Стас ЭтвешСамолет авиакомпании "Уральские авиалинии", архивное фото
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии", ки аз Русия ба Тоҷикистон парвоз мекард, дарҳол пас аз баланд шудан аз фурудгоҳи Жуковский ба парандае бархӯрд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии", ки дар масири Маскав-Хуҷанд парвоз мекард, бо паранда бархӯрд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ин ширкат.
Ҳавопаймо бо мусофирон дарҳол пас аз парвоз дар фурудгоҳи Жуковский бо парандае дар бархӯрд.
Халабонон тасмим гирифтанд, ки ҳавопайморо иҷборан ба замин фурӯд оранд.
"Бо мақсади таъмини амният фармондеҳи ҳавопаймо тасмим гирифт, ки ба фурудгоҳи алтернативии Домодедово равад", - гуфтанд дар ширкати ҳавопаймоӣ.
Ширкати ҳавопаймоӣ афзуд, ки фурӯдоӣ дар Домодедово бомуваффақият анҷом ёфт.
"Nordwind Airlines" вақту замони парвоз аз Перм ба Душанберо дақиқ кард
Ва ҳамаи мусофирон аллакай бо ҳавопаймоҳои эҳтиётӣ ба ҷои таъиншуда фиристода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан парвози ҳавопаймои ширкати миллии Тоҷикистон дар масири Екатеринбург - Душанбе дар фурудгоҳи Колтсово барои парвоз чанд соат ба таъхир афтод.
Парвоз аз Екатеринбург самти Душанбе ба таъхир афтод
Ҳамин тавр, ин парвоз бештар аз ду соат ба таъхир афтод.
Лентаи хабарҳо
0