Талоши Қазоқистон бораи дарёфти роҳҳои нави содироти нафт ва шарҳи Кремл

Добыча нефти в Татарстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҷумҳурии Қазоқистон талош дорад, барои содироти маҳсулоти нафтӣ роҳҳои нав пайдо кунад. Дар Русия дар ин нақшаҳои Қазоқистон ангезаи сиёсӣ намебинанд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков бар ин назар аст, ки пешниҳоди президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар бораи ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии интиқоли нафт, берун аз Русия, ангезаи сиёсӣ надорад, хабар медиҳад РИА "Новости".

"Гумон аст, ки ин ангезаҳои сиёсӣ надошта бошад, бояд хеле бодиққат бубинем... Аз рӯи параметрҳои экологӣ, дар бораи боздоштани он тасмим гирифта шуд, аз ин рӯ, дар ин ҷо, албатта, тамосҳои иловагӣ бо шарикони қазоқии мо лозим аст", - гуфт Песков.

Рӯзи сешанбе намояндаи Консорсиуми лӯлаи Каспий ба РИА "Новости" гуфт, ки додгоҳи Новороссийск пас аз ошкор шудани қонуншикании ҳуҷҷатии экологӣ амр додааст, ки фаъолияти ин ширкатро барои 30 рӯз мутаваққиф кунад.
Ба ширкатҳо супориш дода шуд, ки то 30 ноябр онҳоро бартараф намояд.
Газопровод на дороге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Қазоқистон содироти бензину сӯзишвории дизелиро тавассути мошинҳо манъ кард
Рӯзи панҷшанбе вазорати энержии Қазоқистон хабар дод, ки содироти нафти Қазоқистон тавассути системаи лӯлаи Каспий дар реҷаи муқаррарӣ сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев роҷеъ ба рушди иқтидори нақлиётӣ ва транзитӣ ҷаласа баргузор карда, дар ҷараёни он вазифаи та-йири интиқоли нафтро гузошта буд.
Тоқаев ба масири Транс-Хазар авлавият дод ва ба ""КазМунайГаз" дастур дод, ки беҳтарин варианти татбиқи он, аз ҷумла бо имкони ҷалби сармоягузорон аз лоиҳаи Тенгизро таҳия кунад.
Ба ҳукумат якҷоя бо ширкати "Самрук-Казина" супориш дода шуд, ки барои зиёд кардани иқтидори лӯлаҳои нафтинтиқолдиҳандаи Атирау — Кенкияк ва Кенкияк — Кумкол чораҳо андешад.
Лентаи хабарҳо
0