Медведев истеъфои Ҷонсонро табиӣ донист

© Sputnik / Юлия Зырянова / Гузаштан ба хазинаи аксЗаместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия истеъфои эҳтимолии Борис Ҷонсон сарвазири Бритониёро бинобар сиёсатҳои пӯчи ӯ табиӣ хонд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гузоришҳо дар бораи истеъфои қарибулвуқӯъи Борис Ҷонсон аз мақоми нахуствазири Бритониёро шарҳ дода гуфт, ки ин натиҷаи “сиёсатҳои берӯӣ ва пӯч”-и ӯ мебошад.
“Дӯстони беҳтарини Украина” мераванд. "Ғалаба" дар хатар аст! Аввалинаш рафт... Ин натиҷаи сиёсати берӯӣ ва пӯчи Бритониёст. Хусусан дар сисёсати байналмилалӣ. P.S. Мо интизори хабарҳо аз Олмон, Лаҳистон ва кишварҳои Балтика ҳастем”, - навиштааст ӯ дар Telegram-канали худ.
Тавре расонаҳои Бритониё хабар медиҳанд, Борис Ҷонсон ба истеъфоаш розӣ шудааст. Тайи ду рӯзи ахир беш аз 50 корманди давлатӣ ба сарвазири кишвар изҳори нобоварӣ карданд ва аз мақомашон истеъфо доданд. Аз ҷумла раҳбарони калидии кабина вазирон, аз қабили вазорати молия ва вазорати беҳдошт, аз мақомҳои худ истеъфо доданд.
Премьер Великобритании Борис Джонсон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Талаби вазири молияи Бритониё аз Ҷонсон: Истеъфо диҳед!
Қаблан Кристофер Пинчер, муовини пешини вазири умури хориҷии Бритониё дар умури Аврупо ва Амрико дар як клуби Лондон дар ҳолати мастӣ занозанӣ карда буд.
Як қатор сиёсатмадорон даъво карданд, ки Ҷонсон Пинчерро ба вазифаи ҷонишини ҳамоҳангсози фраксияи парлумонии муҳофизакор таъин кардааст, гарчанде ӯ дар бораи гузаштаи Пинчер хуб медонист. Ҷонсон узрхоҳӣ кард ва иқрор шуд, ки "дар гузашта, ӯ кори нодуруст кардааст".
Моҳи май Ҷонсон аз овоздиҳии нобоварӣ ба ҳизби муҳофизакор гузашт. Сипас, ба ӯ муяссар шуд, ки ӯ дар вазифаи худ мемонад. Аз ӯ 211 нафар пуштибонӣ карданд ва 148 нафар мухолиф буданд.
Овоздиҳии дуюми нобоварӣ метавонад танҳо пас аз як сол сурат бигирад
Лентаи хабарҳо
0