Нуздаҳ ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба ИСЕСКО ворид шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешГиссарская крепость, архивное фото
Гиссарская крепость, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Аз нуздаҳ ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон дутои онҳо ба феҳрасти асосии мероси фарҳангии ҷаҳони Ислом ворид гардиданд
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Нуздаҳ ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳрасти мероси фарҳангии моддии ИСЕСКО ворид гардиданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод, афзудааст, ки парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои мазкур аз ҷониби коршиносони Вазорати фарҳанг, Мирзошариф Абдусаломов ва Наботов Муҳаммад таҳия гардидааст.
Манбаъ дақиқан зикр накард, ки кадом ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба мероси ИСЕСКО ворид шуданд.
Қайд гардид, ки ин ёдгориҳо зимни ҷаласаи 10 -уми Кумитаи ёдгориҳои ҷаҳони Ислом, ки аз 4 то 7 июли соли равон дар Шоҳигарии Мароко баргузор гардид, тасдиқ шудаанд.
Национальный музей Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2022
Тоҷикистон узви ICCROM шуд
Манбаъ меафзояд, ташаббускори ворид шудани 19 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аст.
"Парвандаҳои номтнатсионии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур аз тарафи коршиносони вазорат таҳия гардида, ба дафтари марказии созмони мазкур тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ирсол гардид", - омадааст дар хабарнома.
Бояд гуфт, аз 19 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии пешниҳодгардида, 2 адади он ба Феҳристи асосии мероси фарҳангии ҷаҳони Ислом шомил гардида, 17 адади дигараш бошад, ба Феҳристи пешакӣ ворид шуданд.
Лентаи хабарҳо
0