Одамрабое дар Душанбе боздошт шуд: кӯдаки бегонаеро мехост бо панҷ ҳазор доллар фурӯшад

© МНОРебенок плачет
Ребенок плачет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Обуна шудан
Ӯ кӯдаки як нафари бегонаро аз назди "Деҳқонбозор" бо роҳи фиреб ба маҳаллаи "Саховат"-и пойтахт оварда, аснои фурӯхтан дастгир шудааст
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як сокини 35-солаи пойтахтро бо иттиҳоми одамрабоӣ ва хариду фурӯши ноболиғ боздошт кардааст.
Тибқи гузориши ин ниҳод, боздоштшуда асри рӯзи 30 июни соли ҷорӣ дар маҳаллаи Гипрозем бо роҳи фиред писарбачаи панҷсоларо ба ҳудуди боғи "Фирдавсӣ" оварда, қасди фурӯшро дошт.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳаракатҳои дастгиршуда зери назорат буд ва ҳангоме мехост ноболиғро бо панҷ ҳазор доллар фурӯшад боздошт шуд.
Дастгиршуда зимни бозпурсӣ бо маъмурини пулис гуфт, ки бо як фард ошно шуд, ки фарзанд лозим дорад ва ӯро фиред додааст, ки бачаи аппаш гирифта ба ӯ мефурӯшад.
"Он нафар розӣ шуд, ки панҷ ҳазор медиҳад. Ман назди "Деҳқонбозор" рафам, ки як кӯдак бозӣ дорад ва ба ӯ пешниҳоди хариди яхмос кардамки розӣ шуд. Ӯро гирифтаму ба назди ин нафар барои фурӯш овардам, ки кормандони пулис дастгир карданд", - гуфт дастгиршуда.
Ӯ гуфт, агар дастгир намешуд ин кӯдакро бар ивази панҷ ҳазор доллар мефурӯхт.
ВКД мегӯяд, ин нахустин ҳолати даст ба ҷиноят задани ин нафар набуда, қаблан низ се маротиба бо ҷурмҳои дуздӣ аз озодӣ маҳрум гардидааст.
Гуфта мешавад, алайҳи боздоштшуда бо моддаҳои 130 - одамрабоӣ ва 167-хариду фурӯши ноболиғон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, корҳои тафтишотӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки ин моддаҳои қонун ҳар кадоме аз панҷ то ҳаштсолӣ зиндонро пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0